
Давоми ду ҳафта мешавад, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон, ки тавассути бонкҳо сурат мегирад, бо сомонӣҳисобӣ, сипас ба соҳибонашон дода мешавад. Ин амал аз 2 феврал бо дастури Бонки миллӣ ҷорӣ шудааст. Аммо ин иқдоми Бонки миллӣ миёни муҳоҷиронҳам дар Русия ва ҳам Тоҷикистон нофаҳмиҳоро ба миён овард. Магар Бонки миллӣ бар зарари муҳоҷирон амал кард ё баръакс?
Аз рӯйи маълумоти ба идораи ҳафтанома расида, дастури нави Бонки миллӣ ба шахсони воқеӣ, ки дар бонкҳо суратҳисоб доранд ва ба пули ширкату корхонаҳо дахл намекунад. Ин дастур ба асъори хориҷӣ, чун доллар ва евро низ иртибот нахоҳад дошт. Иқдом танҳо бо мақсади боло бурдани қурби пули миллӣ ва иҷрои қонуни Тоҷикистон дар мавриди истифодаи пули миллӣ барои ҳисоббаробаркунӣ дар дохили кишвар сурат мегирад. Наргис Холдорбекова, сардори Маркази хизматрасонии рақами 3-и "Агроинвестбонк" дар суҳбат бо расонаҳо иброз доштааст, ки дастури Бонки миллӣ барои аз байн бурдани бозори сиёҳи асъор ва танзими сомонӣ таъсиргузор хоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ба муштариён додани рубл қатъиян манъ шуда, новобаста ба хоҳиши корафтодаҳо онҳо бояд ба ҷойи рубл сомонӣ гиранд: «Ҳоло ҳамагӣ чанд рӯз аз ин қарор сипарӣ шудааст, ростӣ на ҳама розиянд. Мардум одат накардаанд. Онҳо дигар хел мефаҳманд. Камтар гаранг шудаанд, ки қурб болову поён мераваду зарар мебинанд ё фоида. Аммо фикр мекунам, ин вазъ оҳиста-оҳиста ба танзим медарояд».
Ин дастури Бонки миллӣ аксарияти оилаҳои муҳоҷирони кориро, ки рубли русиро аз бонкҳо мегирифтанд, низ нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, ки чунин бархӯрд ба буҷаи бе ин ҳам холии хонаводаҳои муҳоҷирон зарба мезанад. Аҳмадҷон Раҳимбеков, сокини ноҳияи Рашт, ки аз "Агроинвестбонк"ба ҷой рубли русӣ сомонӣ гирифтааст, мегӯяд, ба ӯ фарзандонаш аз Русия 10 ҳазор рубл равон карданд, вале вақте ин маблағ ба сомонӣ иваз шуд, 60 сомонӣ (нисбати бозори ғайрирасмӣ) зарар дид. «Агар 60 сомонии дигар имрӯз зарар бинем, дар ду рӯз 120 сомонӣ мешавад. Агар кор ҳамин гуна идома кунад, ба писаронам мегӯям, минбаъд тариқи бонк пул равон накунанд». Оё ин ҳолат ба мисли солҳои аввали муҳоҷирати меҳнатӣ, ки пул ба воситаи миёнаравҳо ба соҳибонаш мерасид, интиқоли пулро тариқи бонкҳо коҳиш намедиҳад?
Аммо Исмоил Талбаков, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, ки фиристодани пул тавассути бонкҳо эътимодноктар аст. «Дар ин ҷаҳони ноором дар ҷайби худ овардани пул хавфи бештар дорад. Дастуре, ки Бонки миллӣ баровард, ба баланд бардоштани эътибори сомонист. Эҳтироми пули миллӣ ин эҳтиром ба давлату миллат аст. Дар ҳамаи давлатҳои хориҷӣ ҳамин гуна корбарӣ ҷой дорад. Албатта, ин иқдоми пешгирифта аввал баъзе нофаҳмӣ ва мушкилотро пеш меорад, вале ҳамаи он бо мурури вақт ҷойи худро мегирад».
Ҳафтае қабл Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат хоста буд, ки тамоми амалиёти харидуфурӯш дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ сурат гирад. Президент таъкид дошт, ки мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад. Дар машварати назди Президент Сарвазир, муовини аввали Сарвазир, раиси Бонки миллӣ, роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоду молия, мақомоти андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палати ҳисоб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳузур доштанд. Дафтари матбуоти Президент хабар додааст, ки “коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори қарзию молиявӣ ва асъории Тоҷикистон, асосан ба таври сунъӣ аз ҷониби доираҳои алоҳидаи манфиатдор, роҳандозӣ мешавад”. Манбаъ мегӯяд, дар ин машварати корӣ таъкид шуда, ки мубодилаи асъор бояд танҳо дар сарбонкҳо, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо сурат бигирад, то ин ки ба ҳар гуна қаллобию ҳаннотӣ аз ҷониби доираҳои манфиатдори бехабар аз манофеи миллию давлатӣ роҳ дода нашавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “тамоми корҳои вобаста ба сиёсати пулию қарзию асъорӣ ва тартиби амали он дар ҳамаи муассисаҳои ин соҳа, новобаста аз шакли моликият, бояд ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ монда шавад ва мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад. Қурб бояд ягона бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад.
Президенти Тоҷикистон ба масъулин дастур додааст, дар кӯтоҳтарин муҳлат барои ба қонунгузории амалкунандаи низоми бонкӣ доир ба танзими асъор ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намоянд: “Тибқи дастури Сарвари давлат дар таҳрири нави Кодекси ҷиноятӣ ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузорӣ бояд ҷавобгарӣ, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ, барои ба хориҷи кишвар баровардани ҳаҷми зиёди асъори байналмилалӣ ва барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ дар қаламрави мамлакат пешбинӣ шавад”.
Сокинони ҷумҳурӣ низ ҷонибдори онанд, ки минбаъд агар тамоми хариду фуруш бо пули миллӣ, яъне сомонӣ мебуд, беҳтар мешуд. Аммо ҳзанӯз ҳам ба таври пинҳонӣ хариди молу колои калонтар (хариду фурӯши хонаҳо, мошинҳо ғайра) асосан бо доллар муомилот мешаванд. Дар ин самт оё чораҳои ҷиддӣ андешида мешаванд?
Усмон Раҳимзода,
“Тоҷикистон”