Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Зуҳро бо бачаҳояш дар Русия бомж шуд

$
0
0

Салом ба ҳамаи касоне, ки «Оила»-ро дар даст доранд. Ман як тоҷики дур аз Ватан афтодаам. Бо сабаби камбизоатӣ рӯ ба муҳоҷират оварда, имрўз дар шаҳри Улан-Баттори Русия кору зиндагӣ карда истодаам. Дар хонаи як марди сарватманди рус хизматгорам. Хӯҷаинам одами хуб аст, маро ҳамеша дастгирӣ мекунад, аз ӯ ягон шикоят надорам. Маро тақдири як зани дигар ба ташвиш овардааст, барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат кардам. Зуҳро ном тоҷикзан чанд вақт боз бо чор фарзандаш дар як партовгоҳ зиндагӣ карда истодааст. Ҳоли онҳоро дида раҳми кас меояд. Бечораҳо рӯзи дароз даруни партовҳоро кофта мегарданд, то боқимондаи консерва ё як пора нони хушк ёфта хӯранд. Рӯзе аз назди партовгоҳ мегузаштам, ки ин зан гирён ба наздам омада зорӣ кард: «Кӯдакам сахт касал шудааст, таббаш бисёр баланд аст, илтимос, кӯмак кунед, ки ӯро ба беморхона барам!» Дилам аз гиряҳои зори ин зан об шуду зуд ӯро бо писарчааш ба мошин савор карда ба беморхона бурдам. Либосҳояшон бисёр чиркин буд, бо сабаби кайҳо боз дар партовгоҳ хобиданашон бӯйи бади партовгоҳ ба онҳо часпида, дили касро беҳузур мекард. Даҳону биниамро бо шарф бастам, то дилам беҳузур шуда қайъ накунам. Бовар кунед, то ба беморхона расидан мошин бӯ гирифт, вале кӯдакро аз марг наҷот додан лозим гӯён, базӯр тоқат кардам. Духтурҳо маро хуб дашном дода, писарчаи дар чирк ғӯтидаи Зуҳроро бистарӣ намуданд. Азбаски ҳоли бача бисёр вазнин буд, бояд модараш бо ӯ мемонд, вале Зуҳро «мабодо се кӯдаки дигарамро дар мусорка ягон кас накушад» гӯён, гиряву ноларо сар кард. Ночор ҳамроҳи писарчааш дар беморхона хобидам. Оҳиста-оҳиста ҳоли писарак рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва баъди сиҳат шуданаш саргузашти талхи модарашро ба ман нақл кард. Падараш дар болои модараш зани дигар гирифта ӯро ба хона меорад. Зуҳро ҳарчанд зорӣ мекунад, ки зани дуюмашро ба ягон ҷойи дигар барад, то ӯ набинаду насӯзад, марди бераҳм розӣ нашуда мегӯяд: «Дини ислом то 4 зан гирифтани мардро иҷозат дода аст, ҳардуятон дар ҳамин хона зиндагӣ кардан мегиред. Ман як шаб бо туву шаби дигар бо зани якумам мехобам. Хоҳӣ-нахоҳӣ, мурда-мурда тоқат мекунӣ!» Зуҳро аз рашку алам чаҳор  фарзандашро гирифта тарки хонаи шавҳар мекунад ва аз касе пул қарз карда ба Русия меояд. Бечора занак гумон доштааст, ки дар Русия зиндагӣ осон аст ва зуд кори сердаромад ёфта шоҳона умр ба сар мебарад, вале тираш хок мехӯрад. Ягон кор наёфта чанд муддат сарсону саргардон мегардад. Пули дар даст доштааш тамом мешаваду аз ночорӣ вай гадоиро пеш мегирад. «Бисёр вақт бомжҳои дигар пули хайр кардаи мардумро аз дасти модарам бо зӯрӣ кашида мегиранд» нақл кард писарак бо оби дида. Дилам ба ҳолашон сӯхту ба дасти модараш 5000 рубли русӣ додам, ки нонпулӣ кунанд. Писарча сиҳат шуда аз беморхона баромад, вале тақдири ин зан то ҳол маро ором намегузорад. Дар ҳамин зимистони хунук онҳо сарлучу пойлуч дар партовгоҳ зиндагӣ карда истодаанд. Метарсам, ки ягон рӯз аз хунукию гуруснагӣ мемиранд. Илоҳо хонаи чунин мардони беномусе, ки зану фарзандони худро хору зор дар кӯча партофта, думболи як беваи олуфтаи дигарро мегиранд, бисӯзад! Илтимос, номаи маро чоп кунед, то падари беору беномуси ин тифлакон, ки Насим ном доштааст, аз ҳоли ҷигарбандонаш огоҳ шавад. Шояд сари номус меояд ва ба Русия омада оилаашро соҳибӣ  мекунад…

Элназар Ҳабибов, аз шаҳраки Улан- Баттор

 

Аробакашӣ карда хона мехарам

Салом! Хонандаи ҳамешагии шумоям. Сабаби ба «Оила» муроҷиат карданам як масъалаи оилавист. Падарам Нуриддин чанд сол боз дар Русия муҳоҷир аст. Сабаби аз хона қаҳр карда рафтанаш як моҷарои оилавӣ шуд. Амакҳоям баъди сари бобоям тамоми заминҳоро аз худ карданду падарам ду даст дар бинӣ монд. Ҳарчанд бо хубӣ фаҳмонд, ки вай ҳам фарзанд аст ва ба мероси падар ҳақ дорад, касе аз бародаронаш ба додаш нарасид. Падарам сахт ранҷид ва ба қавли куҳансолон алами Мусоро аз Исо гирифта, фарзандонашро партофта, қаҳр карда ба Русия рафт.  Падарам рафту ҳоли мо табоҳ гашт, дигар касе набуд, ки бароямон ақаллан як пора нон биёрад. Модарам аз тарси янгаҳояш аз бародаронаш кӯмак пурсида наметавонист, амакҳоям бошанд, парво надоштанд, ки мо зиндаем ё аз гуруснагӣ кайҳо мурдем. Як рӯз бо алам ба амакам гуфтам: «як пора замин чи буд, ки ба падарам надодед, агар ӯ ба Русия намерафт, мо хору зор намешудему додаронам бо мӯзаҳои даридагӣ мактаб намерафтанд.» Амаки хунхорам «тирмизак, боз ту ба ман гап ёд медиҳӣ» гуфта, маро чунон лагадкӯб кард, ки хун аз сару рўям мисли фонтан шорид. Бечора модарам агар худро ба болоям партофта, маро халос намекард, яқин дар зери мушту лагади амакам мемурдам. Амакам бо ин ҳам қонеъ нашуда моро аз хона ронд. Гириста-гириста либосҳоямонро ҷамъ кардему ба шаҳр омадем. Азбаски ҷойи хоб надоштем, як кулбаи вайронаю валангорро макони зиндагӣ интихоб кардем. Аз хона дида ин кулбаи вайрона ба оғил  бештар монанд аст, вале ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯем. Маҷбур шуда мактабро партофтам. Субҳ ба бозор рафта то  шом аробакашӣ мекунам ва ба 30-40 сомоние, ки бо арақи ҷабин меёбам, барои додару хоҳаронам хӯрокворию либос харида, зиндагиро ба қадри имкон пеш мебарам. Кулбаи вайронаи мо дар наздикии Комбинати гӯшт аст. Барои он ба «Оила» муроҷиат намудам, ки шояд падари муҳоҷирам ин газетаро хонда, аз ҳоли мо огоҳ мешавад. Падарҷон,  ман тамоми рўзгори хонаро ба уҳдаи худ мегирам, пул кор карда, худам модару додаронамро соҳибӣ хона мекунам, фақат аз шумо хоҳиш дорам, ки ба мо занг занед ва ба Ватан баргашта, моро саробонӣ намоед!

Хуршед, муштарии 888-25-14-94

 

Дузанаро ду бари рӯяш сиёҳ

Бародари ман Баҳодур айни ҳол дар шаҳри Иркутски Русия кору зиндагӣ карда истодааст. Ба Тоҷикистон дар як сол танҳо як маротиба меояду як моҳ дам гирифта меравад. Ҳар дафъаи омаданаш дили падару модарамро пур карда мегуфт: «Камтари дигар тоқат кунед, як бори дигар ба Русия рафта меояму бо пули худам тӯйи бодабдаба ороста зан мегирам, он гоҳ орзую ормонатонро мешиканед…» Шабона бародарам бо ман дар як ҳуҷра мехобид ва қариб то саҳар бо телефон бо ким-киҳо гап мезад. Азбаски ман забони русиро нағз намедонам, чиҳо гуфтанашро намефаҳмидам, вале эҳсос мекардам, ки бо занҳо суҳбат мекунад. Як шаб гуфтугӯяшро сабт кардам ва рӯзи дигар онро дар назди як ҳамсинфам, ки духтараки босавод буда, забони русиро бисёр хуб медонист, мондаму хоҳиш кардам, ки чиҳо гуфтанашонро ба ман тарҷума кунад. Вақте мазмуни суҳбати бародарамро бо ду беваи рус аз забони ҳамсинфам шунидам, ҳуш аз сарам парид. «Нинаҷон, боз камтари дигар тоқат кун, ман корҳоямро дар ин ҷо тамом карда бармегардам ва туро ба назди духтури занона мебарам. УЗИ карда мефаҳмем, ки ману ту духтарчадор мешавем ё писардор» ваъда кардааст бародарам ба як зани русаш ва панҷ дақиқа пас ба зани дигараш занг зада гуфтааст: «Ленаҷон, ташвиш накаш, ман аллакай борро гирифтам, агар онро бе ягон мушкилӣ аз сарҳад гузаронам, зуд ба падарат месупорам ва пулашро гирифта ба наздат меравам. Дар масъалаи бачаҳо саросема нашав, худам, ки омадам, бо воситаи шиносҳоям ҳуҷҷатҳояшонро тахт карда, онҳоро ба беҳтарин мактабу боғчаи бачагона месупорам. Тобистон ҳардуямон ба Америка рафта дунёро сайр мекунем, занакҷон…»

Мехостам дузанагии писарашонро ба падару модарам гӯям, то таноби бародари духтарбозамро кашанд ва чӣ гуна бор бурданашро пурсуҷӯ намоянд, вале тарсидам, ки барои хабаркашиам ӯ маро зери мушту лагад мегирад. Ҳамин тавр 20 рӯз пас бародарам боз роҳи Русияро пеш гирифт. Рафту бо ҳамин бедарак шуд. Аз байн панҷ сол гузашта бошад ҳам, дар ин муддат ягон бор занг назадааст. Дилам аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бародарам ба дасти милисаҳо афтидааст, вале ба падару модарам ин тахминамро гуфта наметавонам. Метарсам, ки аз дарду алам ба ягон беморӣ  гирифтор мешаванд. Аз ҳамин хотир бо умед ба «Оила» муроҷиат намудам, то бо воситаи саҳифаи «Муҳоҷир» ба бародарам бигӯям:

Баҳодур, чаро аз худат дарак намедиҳӣ? Падару модарамонро бе аҷал куштан мехоҳӣ? Дониста мон, агар дар муддати як моҳ занг назанӣ ё ба хона бар нагардӣ, сирру асроратро ба аҳли оилаамон мегӯям, он гоҳ аз ман хафа нашав!

Пайрав, аз маҳаллаи Чортути ш . Душанбе

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>