Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Бонки миллӣ: ВАО аз болорави нархҳо ҳангома месозад

$
0
0

Бонки Миллии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи боло рафтани нархи бархе аз маҳсулоти ниёзи аввалро ҳангомасозӣ хонда, таъкид кардааст, ки нарх дар бозорҳои кишвар муътадил мебошад. 

Ин ниҳод имрӯз, 9 феврал бо пахши як иттилоия изҳор доштаст, ки нархҳо соли 2015 муътадил буданд ва он болоравие, ки дар моҳи январ сабт шудааст, таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои шарики тиҷории Тоҷикистон мебошад. Бонки Миллӣ мегӯяд, ҳамарӯза нархҳоро дар кишвар пайгирӣ мекунад ва иқрор кардааст, ки моҳи январ нархи бархе аз маҳсулот, ки аз хориҷ ба ивази асъори хориҷӣ ворид мегарданд, боло рафтааст: “Дар айни замон, тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад”. 

Тибқи таҳлили Бонки Миллӣ нархи маҳсулот дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ поинтар буда, дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоили пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ доранд. 
Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот болоравии нархи баъзе аз маҳсулоти ғизоиро ҳангомаи расонаҳо тафсиф карда, гуфтааст, нарх дар бозорҳо муътадил мебошад.

Дар ин изҳорот Бонки миллӣ ВАО-ро муттаҳам мекунад, ки бе таҳлили амиқ хабарҳоро нашр карда ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъсир манфӣ мерасонанд:“Дар шароити феълии буҳронӣ сару садоҳои беасос боиси ба эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон ва афзоиши омилҳои интизорӣ гардида, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад”. 
Бонки Миллӣ оромию таҳаммулро барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор муҳим хонда, таъкид намудааст, ки дар назар аст, шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, бо андешидани чораҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд: “Дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодӣ, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад, мо, ҳамагон, шаҳрвандони гиромӣ ва аз ҷумла, рӯзноманигорони асил бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба вазъи феълӣ муносибат намуда, диққати худ ва ҷомеаро бештар ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз қабили ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тавлиди маҳсулот дар кишвар, эҳтироми пули миллӣ ва истифодаи дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо мусоидат менамоянд, равона созем”. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>