Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Полиси Маскав се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард

$
0
0

Мақомоти полис дар шимоли Русия  3 шаҳрванди Тоҷикикистонро ба иттиҳоми интиқои маводи мухаддир боздошт кардаанд.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба манобеи худ дар полис навишт, аз ин се шаҳрванди Тоҷикистон 6 килло героин мусодира шудааст. Хадамоти федеролии назорат аз болои гардиши маводи мухаддир эълон кард:“Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ тоҷирони ҳероин боздошт шуданд. Ҳангоми тафтиши макони зисти онҳо, ки хонаи иҷора дар кӯчаи Базовская будааст, ашёи барои бандубасткунӣ истифодашаванда ва 6 кило ҳероин дарёфт карда шуд”.

Мақомоти интизомии Русия нисбати ҳодисаи мазкур парванди ҷиноӣ бозкардаанд ва тафтишот идома дорад. Шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар боздошгоҳи шаҳри Маскав нигаҳдорӣ мешаванд.
 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles