Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Фурӯши барқ ба Афғонистон идома дорад

$
0
0

Моҳи май 10% барқи истеҳсолшудаи Тоҷикистон ба Афғонистон фурухта шудааст.

Бино ба иттилои масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо, аз нерӯгоҳҳои барқӣ  обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” дар моҳи майи соли ҷорӣ аз тариқи хатҳои баландшиддати 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон 129.6 миллион кВт/соат қувваи барқ интиқол додаанд.

Ин рақам 29.4 миллион кВт/соат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар буда, дар умум 9.4 фоиз барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2015 мебошад.

Моҳи апрел аз ин ду нерӯгоҳ ба Афғонистон 43.9 млн.кВт соат нерӯи барқ интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2.7 млн кВт соат камтар буд. 

Афзоиши интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳоле зиёд мешавад, ки чанд рӯз қабл расонаҳои Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон бар ивази афзоиши интиқоли нерӯи барқ аз Афғонистон нафти хом ворид кардан мехоҳанд.

Бо ин ҳама дар 3-моҳаи аввали соли равон Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар 182,6 млн. кВт. соат барқ содир карда буд. Содироти барқи Тоҷикистон асосан ба Афғонистон ва Қирғизистон сурат гирифтааст. Инчунин Тоҷикистон дар соли 2014 ба Афғонистон 1 млрд. 095  млн. кВт/соат нерӯи барқ содир карда буд.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>