Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Шабнамро дар Белорус доштанд

$
0
0

Дар  Ҷумҳурии Беларус аз боздошти як зани 29-сола, шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад. Ин зан ҳангоми сафар аз Русия ба Беларус дар қатори роҳи оҳан дар посгоҳи марзии Брест-Восточный боздошт шудааст. Сомонаи интернетии БЕЛТА мегӯяд, ки ходимони Гурӯҳи марзбонии Брест баъди тафтиши санадҳои ин шаҳрванди Тоҷикистон ӯро ба ихтиёри ходимони корҳои  дохилаи вилояти Брест супурданд. Таъкид шудааст, ки санадҳои ин зан мушкиле надоштанд ва ӯ бо сабабе боздошт шудааст, ки исмаш аз сӯи Тоҷикистон ба рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи ҷиноӣ шомил будааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин зан бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Дар ҳоле, ки хабаргузори БЕЛТА аз ин зан ном набурдааст, эҳтимол меравад, ки ӯ сокини 29-солаи Кӯлоб Шабнам Худойдодова бошад. Надежда Атаева, ҳомии ҳуқуқи башар дар Фаронса Шабнам Худойдодоваро ҳамчун фаъоли «Гурӯҳи 24», дар Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. 18 июн Атаева бо пахши изҳороте навишт, ки Худойдодова як ҳаводори «Гурӯҳи 24» буда, ҳукумати Тоҷикистонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекард. Надежда гуфтааст, ки Шабнам Худойдодова дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекард ва дар масъалаи муҳоҷирони корӣ ва зарурати тағйироти демократӣ дар кишвараш бо имзои мустаор назар медод. «Ӯ шурӯъ аз  моҳи декабри соли 2014 ба мо мегуфт, ки зери фишор буда, эҳсос мекунад, ки ӯро таъқиб мекунанд ва модару фарзанди ноболиғаш дар Кӯлоб мавриди пурсуҷӯи мақомоти тафтишотӣ қарор мегиранд», гуфт Атаева. Ба иттилои ин ҳомии ҳуқуқи инсон, Шабнам Худойдодова бо Мақсуд Иброҳимов, яке аз раҳбарони созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар иртибот буд. Иброҳимов моҳи январи имсол аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ҳадафи сафари Шабнам Худойдодова ба Беларус дарёфти паноҳандагии сиёсӣ аз Созмони Милали Муттаҳид будааст.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles