
Журналисти собиқадори тоҷик Кароматуллоҳи Аҳмад мегӯяд, ки "Озодагон"нисбати ӯ хабари бардурӯғ ва саросар бӯҳтонро чоп кардааст, ки ӯ аз ин норозист ва дар сурати ислоҳ нашудани хабар ин расонаи бонуфузи кишварро ба суд медиҳад.
Оқои Аҳмад хабари нашршуда дар хабаргузории "Озодагон"дар хусуси "хобинии заминҷунбӣ"-ро рад карда, мегӯяд хабарнигор суоли ӯ ба президенти Академияи илмҳоро таҳриф карда, нодруст фаҳмидааст.
Ӯ дар суҳбат бо "пресса. тҷ"гуфт, ки суоли ман ба президент ба шакли дигар буд. Ӯ ба президени суол гузоштааст, ки як сокини шаҳри Душанбе бо номи Каромат Исматов ба идораи рузномаи "Чархи гардун"мактуб фиристода, гуфтааст,ки ҷунбидани заминро дар хобаш мебинад. Кароматуллоҳ Аҳмад, ба унвонии Академияи илмҳо мактуб навишта, ин суоли Каромат Исматовро пешниҳод мекунад. Аммо академияи ба суоли ӯ посух наменависад. Кароматуллоҳи Аҳмад дар нишасти хабарӣ аз президенти ниҳоди мазкур мепурсад, ки чаро ба дархости журналистии ӯ посух надодааст ва фармони президент дар хусуси ҷавоб додан ба дархости хабарнигоронро иҷро накардааст.
Кароматуллоҳ Аҳмад гуфт, хабари нашршуда дар "Озодагон"комилан беасос ва дурӯғ буда. хабарнигорони ин расонаи маъруф бояд ҷузъиёти қазияро аз ӯ мепурсиданд ва ё барои дақиқ шудани фарзияашон ба академия муроҷиат мекарданд. Ӯ мегӯяд, дар сурати ислоҳ накардани хабар барои паҳн кардани маълумоти бардуруғ ва буҳтономез, ки ба шаъну шарафи ӯ ихлол ворид карда, симои як журналисти собиқадоро ба экстрасенсу фолбин монанд кардаанд, ба суд муроҷиат хоҳад кард.
Барои равшан шудани қазия хабари пурраи "Озодагон"ро инҷо бихонед.
http://www.ozodagon.com/24847-akademiya-peshgii-zaminunb-az-ri-hobi-kama...
"Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон иддаои Кароматуллоҳи Аҳмад, журналисти собиқадори тоҷикро, ки бар асоси хобаш метавонад, заминларзаҳоро пешгӯӣ кунад, бепоя хонд.
Ба гуфтаи Раҳимӣ қаблан Кароматуллоҳи Аҳмад ба Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аз истеъдоди фавқулодаи ӯ барои пешгӯйӣ кардани заминларза истифода бибаранд.
Президенти Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи 14 январ ба ин журналист тоҷик, ки аз тақдири пешниҳодҳояш суол кард, посух дод, ки ин иддао асоси илмӣ надоранд: “Ба далели ин ки пешниҳоди шумо хаёлӣ буд ва ҳеч гуна асоси илмӣ надошт, олимони Академияи илмҳо зарурати ҳамкорӣ бо Шуморо надонистанд”.
Ҳамчунин академик Собит Неъматуллоев, яке аз донишмандони варзидаи ҷаҳон дар соҳаи зилзилашиносӣ изҳор дошт, ки то кунун баъзе дастовардҳои илмӣ барои пешгӯйӣ кардани заминларза ҳосил шудааст, вале бар асоси хоб пешгӯйӣ кардани заминларза як даъвои бепоя ва ғайриилмист. Ба гуфтаи Собит Неъматуллоев ҳоло се усули асосии пешгӯйии заминларза -ларзанигорӣ (сейсмика), атмосфера ва аносфера вуҷуд дорад ва илм ба ҷуз ин усулҳо шеваи дигареро намедонад.
Вале Кароматуллоҳи Аҳмад мегӯяд, ки Академияи илмҳо натавонистааст, ки ба пешниҳоди ӯ посухи қонеъкунанда бидиҳад!."