
Раҳбари "Вилояти Хуросон" -шохаи афғонистонии гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"дар пайи ҳамлаи тайёраи берсарнишин дар Нангаҳор кушта шудааст. Расонаҳои маҳаллӣ дар хусуси марги ӯ гозориш дода, навиштаанд, ки 10 тан ҳамсафони ӯ низ дар ин амалиёт ҷон бохтанд.
Хабар марги роҳбари "Вилояти Хуросон"шохаи гуруҳи "Давлати Исломӣ"дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки чанд қабл Вазорати умури хориҷии Амрико бо пахши як баёния ин гуруҳро таррорист хонда, фаъолиятҳои онро барои Афғонистон хатарнок хонд.
Амрико 14 январ гуруҳи тундрави "Вилояти Хуросон"-ро ба руйхати созмонҳои террористӣ дохил карда, изҳор дошт, ки “ин гурӯҳ дар минтақаи Афғонистону Покистон пойгоҳ дошта, асосан аз ҳисоби аъои Таҳрики Толибони Покистон ва Толибони Афғонистон ташкил шудааст.”
Амрико ҳамчунин дар шарҳи террорист эълон кардани ин гуруҳ гуфтааст: “вилояти Хуросони “Давлати исломӣ” дар шарқи Афғонистон алайҳи мардуми осоишта ва нирӯҳои Урду ва амнияти миллии Афғонистон бомбгузориҳои маргталабона ва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи хурд ва одамрабоиҳо анҷом дода, масъулияти ҳамлаҳои моҳи майи соли 2015 дар Карочии Покистонро низ бар дӯши худ гирифтааст.”