
Пӯлод Абуев, шоир ва нависандаи тоҷик, ки дар васфи Шӯрат Қудратов шеър эҷод карда буд, аз олам даргузашт. Ӯро дӯстонаш ба унвони шоири сиёсӣ ва мухолиф ёд карда, навиштаанд, ки дастхатҳои китоби ӯ қабл аз марагаш мусодира шуд.
Пӯлод Абуев 27 сентябри соли 1945 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Ӯ муаллифи асарҳое монанди “Одамнома”, “Дунёи бе дунё”, “Маъвои дил”, “Аз Зарафшон то Бадахшон”, “Нону намак”, “Обу оташ”, “Фалсафаи ҳаёт”, “Рамзас Тотин”, “Ашки санг”, “Одаму олам” мебошад.
Addthis: