Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Хабари рафтани Чолов ба Сурия тасдиқ шуд

$
0
0

Мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари ба Сурия рафта ба "давлати исломӣ"шомил шудани Давлат Чолов,  як узви хонаводаи Чоловҳоро тасдиқ карданд.


Абдуқодир Мирзозода, муовини раҳбари Раёсати умури дохилии минтақаи Кӯлоб имрӯз, 14 январ дар нишасти хабарӣ ин иттилоъро тасдиқ кард. Давлат Чолов, ки 45 сол дорад, бародари Қурбон Чолов, қумондони Фронти халқӣ 4 моҳ пеш аз Тоҷикистон ғайб зада буд ва он вақт расонаҳо навиштанд, ки эҳтимол ба "Давлати исломӣ"гуруҳи тундрав дар Сурия пайваста бошад. Ҳоло бошад, мақомот тасдиқ намуд, ки ӯ дар Сурия қарор дорад.

Бар асоси иттилои мақомоти интизомӣ аз минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия 92 тан сокинон ширкат доранд. Ҳашт нафари дигар аз сокинони Кӯлоб дар сафи гуруҳҳои тундрав дар Ироқ дар ҷанг иштирок доранд.

 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>