Сомонаи olimpik.tj- и Кумитаи миллии олимпиии Тоҷикситон иттилоъ додааст, ки Шамсулло Соҳибов - намояндаи тиҷоратии Душанбе дар Британия ва Ирландияи Шимолӣ президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон интихоб шудааст. Вай ба ин мақом дар конфронси ин ассотсиатсия, ки 2 январ дар мавзеи Сафеддораки минтақаи Такоби ноҳияи Варзоб сурат гирифтааст, интихоб гардид. Роҳбари пешини Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Ибодулло Қурбонов ба далели беморӣ аз мақомаш истеъфо додааст.
Шамсулло Соҳибов ба навъҳои зимистонаи варзиш, бахусус лижаронии кӯҳӣ, таваҷҷуҳи зиёд дошта, аз сӯи иштирокдорони конфронс ба ин вазифа якдилона интихоб гардид. Ӯ ба хонаводаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон риштаи хешутаборӣ дошта, домодашон ба шумор меравад.
Ёдрас мешавем, ки аз сулолаи соҳибкорони хатлонӣ Соҳибовҳо Шамсулло дуюмин касест, ки барои рушди варзиши тоҷик аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷалб карда мешавад. Се сол пеш бародараш Зайнулло президенти бошгоҳи футболи "Равшан"-и Кӯлоб дастаро маблағгузорӣ намуда буд. «Равшан» дар мавсимҳои футболи солҳои 2011-2012 хеле маҳорати хуб нишон дода, ду бор пайи ҳам чемпиони Тоҷикистон ва боре барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида, кишварамонро дар мусобиқаи Ҷоми президенти КФО намояндагӣ карда буд. Пас аз он ки Зайнулло Соҳибовро директори заводи «Сементи тоҷик» таъин карданд, «Равшан» аз маблағгузории ӯ маҳрум гардида, мавқеашро аз даст дода, қариб буд, ки ба лигаи аввали кишвар гузарад. Аммо бо дастгирии ФФТ сармоягузори нав пайдо намуда, дар мавсими соли 2015 –и чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ба гирифтани ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷӣ муваффақ шуд. «Равшан» ба мисли пешин аз ҳарифони пурқуввати дастаи «Истиқлол"-и Душанбе маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки мавзеи Сафеддара вазъи ногувор дошт ва баъди пайдо кардани соҳиби наваш дубора ба макони тамрини варзишгарон ва саёҳати ҷаҳонгардон табдил мешавад. Ҳоло роҳҳои то Сафеддорак васеъ карда шуда, меҳмонхонааш низ ба талаботи муосир ҷавобгӯ шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳоло ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба варзишҳои зимистона ҳамчунин як мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш, ки тобеи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мебошад, дар заминаи урдугоҳи лижаронии Сафеддорак амал мекунад. Тоҷикистон аз лижаронӣ дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ борҳо иштирок карда, натиҷаи назаррасро нишон надодааст.