Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Хакерҳо ба сомонаи Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамла карданд

$
0
0

Хакерҳо ба сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа ба ҷои он дар ин сомона аксу нашиди созмони "Ҷундуллоҳ"ва "Паёми Фаллуҷаи Тунис"пайдо шудааст. Сомонаи ин вазорат бо номи Маориф.Т.ҷ фаъол аст ва дар он тамоми асноду ахабор марбут ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳифҳу нашр шудааст, ки мавриди ҳамлаи хакерҳо қарор гирифт.


Сомонаи мазкур аз субҳи 14 январ ба ин су дар дастрас нест. Хакерҳо дар саҳифаи авввали сомонаи вазорати маориф акси "Ҷундуллоҳ"ва нашиди ин созмони террористиро гузошта, ҳамчунин дар канори он аксу суруди ин созмони ифротгарои исломиро ҷо додаанд. Дар он матни дигаре аз "Паёми Гурӯҳи Фаллуҷаи Тунис"як гуруҳи тундрави исломӣ низ пайдо шудааст.

Дар паёми мазкур  аз кишвари Русия хоста шудааст, ки ба пуштибонии "давлати ҷиноии Башор Асад"хотима диҳад. Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки ин давлат ба, қатлу куштори занону кӯдакон ва тахриби мактабҳо, хонаҳо, масоҷид ва бемористонҳо хотима диҳад ва аз сокинони Русия талаб шудааст, ки ба давлати худ фишор оранд, то нерӯҳояшро аз Сурия берун бикашад. Маълум нест, ки чаро маҳз ин паёмро хакерҳо дар сомонаи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гузоштаанд.

Сухангӯи ин ниҳоди давлатӣ Эҳсон Хушвақтов ба расонаҳо гуфтааст, ки хабари ҳамлаи хакерҳо ба сомонаи вазорат воқеият дорад.

 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Latest Images

Trending Articles



Latest Images

<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>