Дар қонун «Дар бораи нафақаи Тоҷикистон"тағйироти нав ворид карда мешавад.
Ҳоло дар асоси қонуни амалкунандаи нафақа ҳаҷми нафақа на камтар аз 130 сомонӣ ва на зиёдтар аз 624 сомонӣ бошад. Аммо аз рӯйи қонуни нав бошад, ба афроди нафақахӯр мувофиқи мизони маош ва андозҳои ба давлат пардохтаи онҳо ва корфармо нафақа таъин карда хоҳад шуд. Ҳоло мизони нафақаи аксар бознишастагон хеле ночиз буда, барои таъмини одитарин ниёзҳои зиндагӣ кифоят намекунад.
Абдуҳалим Ғаффаров, узви Кумита оид ба оила ва ҳифзи иҷтимоии Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки низоми нафақаро дар Тоҷикистон тағйирот дар пеш аст. Онҳое, ки солҳои тӯлонӣ кор кардаву аз маошашон андози иҷтимоиро пардохт кардаанд, нафақаи хуб хоҳанд гирифт: “То соли 2017 қонуни нафақа нав мешавад ва ҳамакнун нафақахӯрон имкон пайдо мекунанд, ки то 80 дарсади маошашонро ҳамчун нафақа
дарёфт кунанд. Масалан, агар шахс 3 ҳазор сомонӣ маош гирад, имкон пайдо мекунад, 2400 сомониашро ҳамчун нафақа дарёфт кунад”.
Бино ба маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон тафовути қонуни нав аз қонуни қаблӣ дар он аст, ки андозаи нафақа на аз рӯйи музди миёнаи ду соли охир ва ё панҷ соли давраи интихобӣ таъин карда мешавад, балки аз рӯйи саҳмҳои суғуртавие, ки шаҳрванд дар тамоми давраи фаъолияташ пардохт карда, он дар мақомоти ваколатдор сабт гардидааст, муайян мегардад. Ба ҳамин тартиб, тибқи талаботи қонуни нав, афроди қобили кор, ки дар пардохти андоз ва ворид кардани пул ба бунёди иҷтимоӣ саҳм намегузоранд, танҳо нафақаи иҷтимоӣ хоҳанд гирифт.