Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҳалокати 4 нафар дар 1 садама

$
0
0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод,ки бар асари як садамаи нақлиётӣ дар Душанбе чор нафар ҷони худро аз даст додаанд.


Тибқи иттилои ин ниҳод ронандаи 27-солаи “Хундай-Серви”, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷангалак, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №28-и маҳаллаи Деҳнаваки поёни ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хубей” бархӯрдааст. Ба иттилои манбаъ мошини “Хубей” низ таҳти идораи сокини 44-солаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштааст: “Дар натиҷаи бархӯрд, ронандаи автомашинаи “Хундай-Серви” ва мусофиронаш мардони 27-сола, 30-сола ва 31-сола, ки ҳамааш сокинони ноҳияи Б.Ғафуров будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>