Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Фармони президент дар бораи маош, нафақа, стипендия моҳи июн иҷро мешавад

$
0
0

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфт, моҳи июни соли 2016 музди маош, нафақа ва стипентия боло меравад.

Ин нуктаро Худойнбердӣ Холиқназарзода дар нишастии хабарии имрӯз изҳор дошт.

Бар асоси паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми маош, нафақа ва стипендия дар моҳи сентябри соли гузашта бояд боло бурда мешуд. Аммо ба сабаби буҳрони молӣ як муддат фармони болоравии маошу нафақа ва стипентия ба таъхир гузошта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, расо як сол қабл, 23-юми январ дар паёми солонааш дар парлумон изҳор дошт, аз 1-уми сентябри соли 2015 музди меҳнати мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ - 15 дарсад, маоши кормандони соҳаи маориф, варзиш, тандурустӣ - 20 фоиз, маоши кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, яъне хона-интернету истироҳатгоҳҳо - 25 фисад зиёд мешавад. 

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, инчунин ҳадди нафақа ба ҳисоби миёна 20 фоиз ва идрорпулӣ 30 дарсад зиёд мешавад. 

Ба иттилои президент барои амалӣ кардани ин иқдом зарур аст, ки аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад. Аммо ба далели мушкилоти молӣ Вазорати молияи Тоҷикистон барои амалӣ намудани ин гуфтаҳои президент маблағ пайдо накард. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>