Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Суғдиҳои ӯзбекибин қувваи бозe ё ақли расо моро он сӯи сарҳад мебарад?

$
0
0

Телевизион оинаи давлату миллат ва фарҳанги ӯст. Оинаест, ки симои миллат дида ва ба дигарон инъикос карда мешавад. Албатта, ин як чизи маъмулист, аммо  то куҷо ин оинанақши «миллатнамоӣ»-и худро дуруст иҷро карда метавонанд, норавшан аст.Баъди пурсише, ки бо сокинони мухталифи шаҳру навоҳии вилояти Суғд анҷом додем, маълум гашт, ки имрӯз аксарияти сокинони ин минтақа рӯй ба шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон овардаанд.    

 Орифи Толибёр, рӯзноманигор:

- Якум.  Тарзи кӯҳна ва шахшудаи роҳбарӣ. Дуюм. Паст будани сатҳи дониш ва малакаи ҳам роҳбарон ва ҳам кормандон.  Сеюм.  Рӯзноманигор бояд ниёзи мардумро дарк намояд ва журналисти телевизион натанҳо бояд дарк кунад, балки намоиш дода, бо мутахассисони соҳаи дахлдор роҳҳои қонеъ гардонидани ниёзҳои мардумро ҷустуҷӯ намояд. Ин се хислат, ки дар телевизиони мо нест, пас мардум маҷбуранд, ки ба телевизионҳои ӯзбекӣ муроҷиат кунанд.

Субҳиддин Қодиро, хабарнигори ТВ Суғд: - Дар минтақаҳои наздисарҳадӣ  мушкилӣ,  фаъол набудани шабакаҳо ва норасоии мавҷ, вуҷуд дорад. Зеро дар ин минтақаҳо имкони тамошои на ҳама шабакаҳо мавҷуд аст.  

Дигар паҳлӯи масъала ин аст, ки пулт дар дасти бинанда аст ва касе маҷбур карда наметавонад, ки ту фалон каналро тамошо кун. Дар ҳоли ҳозир, ки имкониятҳои техникӣ фаровон аст...

  Афзал Бозсолиев, мудири шӯъбаи “Хабар”-и ТВ “Азия”: - Аввалан мавҷҳои кишвари ҳамсоя хеле пурқувватанд ва ҷониби дигар шабакаҳои маҳалли шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ он қадар таъсирнок нестанд. Дуввум, барномаҳои ҳамсоякишвар хеле ҷолибанду диданӣ ва аз ин сабаб тамошобин онро интихоб мекунад. Мо наметавонем бинандаро маҷбур намоем, ки барномаи моро тамошо кунанд, он барномаҳое, ки талаботи онҳоро қонеъ мекунад, табиист, ки тамошобин майл ба он мекунад.

Дар Хуҷанд ба ҳар ҳол қариб, ки мавҷҳои кишвари ҳамсояро тамошо намекунанд, чунки телевизионҳои маҳаллӣ фаъол ҳастанд ва  як андоза барномаҳои ҷолибу диданиро ҳам манзури бинандагон менамоянд ва фазои холиро пур кардаанд.  Аммо, мутаассифона, дар бисёре аз шаҳру ноҳияхои наздисарҳадӣ як холигоҳ эхсос мешавад, ки ин низ метавонад сабабгори рӯ ба барномаҳои кишвари дигар овардани сокинон гардад .

 Мафтуна Раҳматова, хабарнигори ТВ-“СМ-1”:- Телевизионҳои ӯзбекӣ нисбат ба худӣ  сабк, услуб ва равиши хос дорад. Аз они вилояти Суғд бошад ҳама якранг ва чеҳраҳо низ ҳамарӯза тағирнаёбанда! Аз ин лиҳоз ҳама чизи ҷолибро меҷӯяд. Ва боиси қайд ҳам ҳаст, ки вилояти Суғд бо кишвари Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Аз ин рӯ, имкони дидани телевизионҳо ин ҳамсоякишварро сокинони мо доранд. Хуб, аслан дидани ТВ-и ӯзбекӣ чӣ бадие дорад? Бигзор бинанд! Чаро намегӯем, ки телевизиони Русияро мебинем? Чаро намегӯем, ки мавҷи Евронюсро тамошо мекунем! Имрӯз тамошобин ҳамон шабакаеро тамошо мекунад, ки талаботи завқии худро қонеъ гардонад. Модоме, ки шабакаҳои ватанӣ дархӯрди дарди бинандаи нестанд, онҳо рӯй меоранд, ба шабакоти дигар кишварҳо.

 Азизбек Мавлонов, аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:- Солҳост, ки фазои халои иттилоотии мо дар ҳукми экспансияи ТВ-ҳои ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон аст. Ин барои амнияти иттилоотии кишвари мо хатари бузург дорад. Фаъол будани мавҷи телевизионии ҳамсоякишварамон таҳдид ба худшиносӣ ва фарҳангӣ бойи мост.

Масъулин бояд ошкоро бо таҷҳизоти пурқудрат хати убури мавҷро дар нуқтаҳои наздисарҳадӣ зананд ё пурра зери контроли шадид гиранд. Ва дуюм ин ки аксари мардуми сарҳаднишини кишвари мо  дар меҳвари як расму русум зистаанд. Аз ин рӯ, онҳо маҳсулоти ТВ-ҳои Ӯзбакистонро бисёр наздик қабул мекунанд. Ин амал онҳоро аз меҳвари арзишҳои милливу хештаншиносӣ фосилаҳо дур мекунад. Ин зарур аст ва бояд хати мавҷи ТВ ва радиои кишварҳои ҳамсояро аз марз бишкаст ва ё дар ҷавоби ғасби фазои иттилоотии кишвар таҳоҷуми иттилоотиро ба роҳ монд...

 Муҳиба,хонандаи мактаби миёна: - Ман дӯстдори барномаҳои консертӣ ҳастам. Дар шабакаҳои Ӯзбекистон шоу-консертҳо бо иштироки сарояндагони эстрадӣ зуд-зуд баргузор мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир ман шабмакаҳои ин кишварро тамошо мекунам.

Рафоқат Умарова,сокини ноҳияи Ғончӣ:

-Сабабҳои ҷалби тамошобинон ба шабакаҳои ӯзбекӣ  зиёданд. Аввалан пахши пасти мавҷҳои телевизионҳои ватанӣ. Дуюм, барномаҳои якрангу дилгиркунанда. Сеюм, рекламаҳои давомдору беохир ва  қолабҳои якранги барномаҳо.  Чорум, ба инобат нагирифтани барномаҳои синнусолӣ. Панҷум,  бо сабку услуби душворфаҳм  барномабарӣ кардани бархе аз наттоқои барномаҳо, ки аксаран ба эронитаборӣ рӯй овардаанд. Шашум, аз мавзӯъҳое, ки мушкили мардумро бозгӯкунанда ҳастанд, “парҳезидан”-и ТВ-ҳои ватанӣ ва ба ин монанд сабабҳо  бинандаи тоҷикро  хаста намуда, аз назди оинаи нилгуни кишвари худ дур месозад.

  Фаридун, донишҷӯ, ноҳияи  Шаҳристон:

-Дар ноҳияи мо шабкаҳои зиёди ӯзбекӣ фаъоланд. Аз шабакаҳои тоҷикӣ  бошад  “Шабакаи аввал”, “Ҷаҳоннамо” ва “Сафина” дастрасанд. Шахсан ман шабакаҳои номбурдаро хеле кам тамошо мекунам. Ва дар арафаи иду айёмҳои миллӣ тамоман аз дидани ТВ-и ватанӣ худдорӣ мекунам.

Ҳасанов Рустамҷон,омӯзгор, сокини ноҳияи Ғончӣ: - Имрӯз  сабаби аввалиндараҷаи аз назди шабакаҳои телевозионҳои тоҷикӣ дур будани тамошобин пеш аз ҳама қолабӣ будани барномаҳои он, зиёд будани пахши реклама ва фарогир набудани мавҷ аст. Хосатан дар навоҳии дурдаст ва деҳоти он зиёдтар дарк мешавад.  Ин ҳолро ман на танҳо дар ноҳияи худамон (манзур  Ғончӣ), балки  замони дар шаҳри Душанбе будан ҳам мушоҳид  кардаам, ки шаҳрвандони мо аз нуқтаҳои фитафурӯшӣ бештар дискҳои ӯзбекӣ ва филмҳои туркии ба тоҷикӣ баргардоншударо харидорӣ мекунанд.   

Имрӯз тамошобин чизи навро дидан мехоҳад, на барномаҳои қолабиву сужаҳои кӯҳандоштаро. Шахсан ман рамидаи пахши бардавоми реклама дар шабакаҳои ватаниям.  Аз ин лиҳоз танҳо барномаи иттилоотии “Хабар”-ро аз шабакаҳои тоҷикӣ тамошо мекунаму халос...          

Фарзона Муродӣ,

шаҳри  Хуҷанд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>