
Муҳофизатгари дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол Манучеҳр Аҳмадов бо бошгоҳи «ал-Аҳли» Баҳрайн шартномаашро қатъ кард.
Сомонаи ФФТ дар ин бобат иттилоъ дода, афзудааст, ки ҷонибҳо ба чунин қарор бо маслиҳат омаданд. Футболбози тоҷик моҳи октябри соли 2015 бо бошгоҳи мазкур барои як мавсим шартнома ба имзо расонда буд.
Дар назар аст, ки Манучеҳр Аҳмадов фаъолияти варзишиашро дар бошгоҳи футболи «Хуҷанд» идома медиҳад.
Addthis: