Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Cухтор дар кучаи Шотемури шаҳри Душанбе

$
0
0

Дар натиҷаи сухторе, ки 29 декбар дар кучаи Шотемури шаҳри Дашнбе ба амал омад, як нафар соҳибхоназан ҷон бохт.

 

Биноба иттилои Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон сухтор дар бинои баландошёна дар қабати 10-ум рух додааст, ки дар натиҷа соҳибхоназан ҳало шудааст:“Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонҳо муайян карда шуд, дар дохили хонаи оташгирифта соҳибхоназан Раҳимова Суфия Зикриолоевна соли таваллудаш 1970, духтараш Раҳимова Суман соли таваллудаш 1995 ва писари соҳибхоназан Ҳаётов Мустафо соли таваллудаш 2010 мондаанд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврии оташнишонӣ аз дохили ҳуҷраи оташгирифта, соҳибхоназан бо фарзандонаш бароварда шуданд. Аммо соҳибхоназан Раҳимова Суфия дар натиҷаи заҳролудшавии зиёд аз дуди ғализ дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.

Ба иттилои оташнишонҳо, сӯхтор масоҳати 3 метри мураббаъро фаро гирифта, пеш аз паҳншавӣ ба дигар ҳуҷраҳои зист, дар соати 07:37 хомӯш карда шуд. Мутахассисони Хадамоти оташнишонӣ сабаби сӯхторро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мекунанд: “Феълан зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад”.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>