
Ҳафтаноми чопи Бариятания бо номи “The Sunday Times” бо нашри як матлаб аз мулоқоти махифиёнаи Владимр Путин бо роҳбари Толибон Мулло Ахтар Мансур хабар дод.
Ин ҳафтаномаи чопи Британия рӯзи 27 декабр ба нақл аз қавли як фармондеҳи ҷангии Толибон навишт, ки мулоқоти махфиёнаи Владимир Путин бо Мулло Ахтар Мансур нисфишаб дар сари хӯроки шом дар ҳудуди пойгоҳи низомии Двизияи 201 анҷом шудааст. Дар ин мулоқот Путин ва Мулло Мансур роҳҳои пуштибонии эҳтимолии Русия аз чирикиҳои Толибонро баҳс кардаанд, навиштааст, ин нашрия.
Қабл аз дарзи ин хабар дар расонаҳо Замир Кобулов, намоядаи вежаи Путин дар умури Афғонистон гуфта буд, ки Русия барои муқобила бо ҳаракати тундрави "Давлати исломӣ"бо Толибон тамос барқрор кардааст.
Моҳе қабл, дар расонаҳо иттилоъ нашр шуда буд, ки намояндагони Толибон дар Душанбе бо мақомоти амниятии Русия махфиёна дидор ва гуфтугӯ кардаанд.