Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Беҳтаринҳои варзиш дар соли 2015

$
0
0

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти худ дар соли 2015, ки 26 декабр баргузор шуд, Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар байни федератсияҳои варзишии кишвар беҳтарин эълон кард.

Мубин Эргашев барои дастовардҳои чемпионати чоркаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» дар соли равон мураббии беҳтарини кишвар ва ҳамлагари дастаи мазкур Манучеҳр Ҷалилов футболбози беҳтарини сол дониста шуданд.

Дар байни варзишгоҳҳо беҳтарин Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, беҳтарин варзишгари сол миёни мардон гурзпарто Дилшод Назаров (медали нуқра дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук) ва байни занон таэквондочӣ Сабина Тӯраева (медали тилло дар чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до (ИТФ) эълон шуданд.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>