Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Сафаргули “погонкан” ва оқибати милисазанӣ

$
0
0

Оқибати як рейд...

Он рӯз Суди ноҳияи Синои пойтахт  сокини маҳаллаи Испечак-2 Сафаргул Мирзоеваро шартан ба чоруним соли зиндон маҳкум кард, вале барои ин зан 2 соли санҷиш муқаррар шудааст.  Аз мақомоти суд гуфтанд, ки агар Сафаргул Мирзоева дар ин давраи санҷишӣ «рафтори намунавӣ» нишон диҳад, аз адои ҳукм раҳо хоҳад ёфт, вале агар дар ин 2 сол даст ба ягон қонуншикании дигар занад, ин чоруним сол ба ҳукми баъдиаш изофа мешавад. Сафаргул ин муҳлатро бо эҳтироми қонун қариб сипарӣ кардааст.

... Сафаргул Мирзоева дар як хархаша погонҳо ва тугмаҳои либоси низомии нозири минтақавии шуъбаи дуюми корҳои дохилии ноҳия, капитан Шуҳрат Гардалиевро канда, ба замин партофт.

 

 

 Ҳодиса ин тавр рух дода буд. Сафаргул Мирзоева дар ҷараёни рейди нозирони минтақавии шуъбаи дуюми корҳои дохилии ноҳияи Сино бо капитани милиса  Шуҳрат Гардалиев , ки ҳамроҳи   мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳияи Сино Дилором Шералиева «барои бартараф намудани савдои кӯчагӣ дар маҳаллаи Испечак-2»  сафарбар шуда буданд, нофаҳмӣ ба миён омада, гапашон мегурезад.

   Нозирони милиса вақте ки монеи савдои ба истилоҳ ғайриқонунии Сафаргул Мирзоева дар сари роҳи мошин дар маҳаллаи Испечак-2 шуда,  ҳамзамон ӯро ҳамроҳи духтараш ба навор мегиранд, духтари ӯ Зилол Абдуллоева монеъи наворгирӣ мешавад. Дар ҳамин лаҳза Гардалиев  барои ором кардани онҳо мехоҳад созгорӣ кунад, вале Сафаргул Мирзоева  ба ӯ ҳуҷум карда, куртаашро медаронад ва даст ба погонаш бурда, онро меканад....

Суди ноҳияи Сино ин амали  С. Мирзоеваро дар аввал бо моддаи 237, қисми 2 бо амали «авбошӣ» гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати чор солу шаш моҳ маҳкум ба маҳбас  кард, вале баъдан бар асоси моддаи 71 «бо назардошти хатарнок набудани зарари ворида» иҷрои ҳукмро ба таъхир гузошта, шартан татбиқ накард ва дар иваз барои ӯ ду сол муҳлати санҷишӣ  муқаррар намуд.

 

 

Таҳқир ҳам андоза дорад

 

Суди  ноҳияи  Ёвон  бошад,  сокини ин ноҳияро барои таҳқири ду афсари милиса ва зӯроварӣ нисбат ба яке аз онҳо ба як соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Шуҳрат Тухтаев аввали соли ҷорӣ ба кори ду афсари милиса, ки сабабҳои як садамаи нақлиётиро таҳқиқ мекардаанд, дахолат карда, дар натиҷа байни онҳо моҷаро бархост. Ҳодиса дар деҳаи Парчасойи Ёвон сурат гирифт.

 

...Шуҳрат  бо автомашинаи шахсиаш дар роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон - Абдураҳмони Ҷомӣ ҳаракат карда, ҳангоми аз назди Обанбори деҳаи Парчасой гузаштан дид, ки дар паҳлӯи он ду автомашина бо ҳам бархӯрда, тамошобини зиёде  ҷамъ омадаанд. Ӯ автомашинаашро нигоҳ дошта, фаҳмид ,ки яке аз ронандагони автомашинаҳои ба садама бархӯрда шиносаш Тӯраев мебошад. Кормандони шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи ноҳияи Ёвон капитани милитсия Ҷаҳон Азимов ва лейтенант Алишер Ҷалолов барои андешидани чораҳои қонунии садамаи рухдода, ҳуҷҷат тартиб медоданд. Дар ҳамин ҳолат ӯ ба кори нозирон дахолат мекунад.

 

Ба гуфтаи шоҳидон, Шуҳрат Тухтаев аз нозирон хост, ки санад тартиб надиҳанд ва монеи иҷрои кори онҳо шуд. Баъдан Шуҳрат Тухтаев ба афсарони милиса Ҷаҳон Азимов ва Алишер Ҷалолов итоат накарда, ҳардуро назди омма, ​ҳақорату дашномҳои қабеҳ карда, ба ҷои узр пурсидан ба иззати нафсашон расид ва шаъну шарафи онҳоро дар назди мардуми ҷамъомада паст зад. Ба ҳамаи ин оташи ғазаби Шуҳрат паст нашуд. Кор ба ҷое расид ,ки   ӯ нисбат ба Ҷаҳон Азимов зӯроварӣ нишон дода, ӯро  зада ба замин афтонд ва дар натиҷа чанд ҷойи бадани ӯ харош хӯрд .

 

Суд бо назардошти ин рафтори ношоиста Шуҳрат Тухтаевро бо гуноҳи “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба корманди ҳокимияти давлатӣ” ва “паст задани шаъну эътибори онҳо” дар назди омма ба як соли шартии зиндон маҳкум ва ситонидани 20 фоизи музди кораш ба фоидаи давлат таъин кард.

 

Солҳои ахир муноқиша байни ронандагон ва кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад. Ронандагон мегӯянд, ки нозирони роҳ онҳоро беҳуда манъ карда ва бо ҳар баҳона ришва мегиранд, ҳарчанд ба гуфтаи мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ гунаҳкор худи ронандагон ҳастанд, ки қонуну қоидаҳои ҳаракатро риоя намекунанд.

 

Аробаи холӣ овози баланд дорад

 

Навори видеоии кашола кардани ронанда дар яке аз сомонаҳои пурбинандатарин, дар Фейсбук паҳн  шуд ва дар шарҳи он видео аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки худи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ бо тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ ҷони ронандаҳоро ба ҳалқашон овардаанд ва онҳоро ба чунин қонуншиканӣ водор мекунанд. Ба навиштаи яке аз корбарони Фейсбук  бо номи Манучеҳр, “аз шарҳҳо бармеояд, ки кормандони ГАИ, мардуми одиро ба ин ҳол расондаанд. Муҳофизони қонун, бо талаби ришва аз мардум худашон қонунро поймол мекунанд.” Ин навиштаҳоро хонда  аз як чиз ҳайрон мешавем . Охир агар ронанда бе гуноҳ бошад,  чӣ зарурат аст ,ки ба корманди БДА ришва диҳад? Нозир  аз кисаи ӯ пулро бо зӯрӣ кашида намегирад –ку. Пойгаҳои шабонаи як гурӯҳ ҷавонон, ронандаҳое ,ки дар ҳолати мастӣ ба паси чанбараки мошин менишинанд,онҳое ки ба фармони нозирони БДА итоат накарда, фирор мекунананд, магар бегуноҳанд?Дар сурати пишаки онҳоро  пишт  нагуфтани нозирони  БДА онҳо боз чанд оиларо гирёну чанд нафарро сарсон мекунанд?

 

Иззатбеки Идизод ,

 «Тоҷикистон»

 

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>