
Сарвазири Тоҷикистон ба фаъолияти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо каррупсия баҳои баланд дод.
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои муқовимат бо коррупсия ба фаъолияти оҷонсии зиддифасад ва мониторинге, ки аз ҷониби ин ниҳод гузанида шудааст, баҳои баланд дод. Оҷонсии мазкур зимни гузаронидани мониторинг дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ вазъро таҳлил карда, пешниҳоди Шӯрои муқовимат бо коррупсия кардааст.
Сарвазири Тоҷикистон, ки раиси Шӯрои муқовимат бо каррупсия низ ҳаст, дар ин ҷаласа изҳор дошт, ки коррупсия яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеъаи ҷаҳонӣ буда, то ҳол ҳеҷ кишваре дар гӯшаи олам ба пурра аз байн бардоштани ин мушкил муваффақ нашудааст.
Дар поёни ҷаласаи нақшаи кории Шӯро барои соли 2016 тасдиқ карда шуд.