Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Иттиҳоди рамзӣ ва интиҳои тадриҷӣ: ИДМ ба ҷойи СССР?

$
0
0

8 декабри соли 1991 сарони кишварҳои Русия, Беларус ва Украина Созишнома дар бораи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Соглашение о создании Содружества Независимых Государств (СНГ)--ро ба имзо расонданд, ки он дар таърих бо номи «Созишномаи Беловежск» машҳур аст.

Президенти Маркази таҳлили системӣва ояндабинӣРостислав Ишенкочунин мешуморад, ки вохӯриҳо дар шакли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) торафт камтар ба вуқуъ пайваста, бо гузашти замон, ҳатто бидуни расман эълон шудан  фаъолияташро қатъ  мекунад. Имрӯз ИДМ яке аз иттиҳодияҳои аҷибу пуртаззод дар қаламрави пасошӯравӣ маҳсуб меёбад.

  Сарони Русия, Беларус ва Украина 8 декабри соли 1991 СССР-ро ғайриқонунӣ пора-пора карда, мефаҳмиданд, ки давлати ягонаро бархилофи хоҳиши халқҳои СССР аз байн бурда истодаанд. Бинобар ин, саросема ба мисли конфедератсия иттиҳодияеро ихтироъ намуданд, ки собиқ ҷамоҳири советии ногаҳон ҳуқуқи байналмилалӣ пайдонамударо муттаҳид созанд.

То сентябри соли 1993 зоҳиран Иттиҳодияи қувваҳои мусаллаҳи ИДМ таҳти фармондеҳии охирин вазири мудофиаи СССР, маршали авиатсия Шапошников фаъолият мекард. Пешбинӣ шуда буд, ки фазои ягонаи иқтисодӣ нигоҳ дошта мешуд ва сиёсати беруна ҳамоҳанг мегардид.

Воқеан, дар як вақт бо консепсияи ИДМ ҳамчун механизми  интегратсия,  консепсияи ИДМ механизми ба таври тамаддун ҷудошавии собиқ ҷумњурињои СССР эҷод шуд. Дар як вақт вуҷуд доштани ду консепсияи ба њам мухолиф ба он оварда расонд, ки дар амал ИДМ (СНГ) аз ҷињати сохтор ташаккул наёфт ва он имрӯз аз маҷмуи созишномањо ва механизмњои гуногундараҷа иборат мебошад, њамчунин ба майдони вохӯрињои давра ба давраи сарои давлатњо, њукуматњо ва вазирони кишварњои иштирокчӣ табдил ёфтааст. Вазъи ИДМ-ро њайати он ва муносибатњои байни онњо хуб инъикос менамояд.

Зоњиран ба ИДМ 11 давлат Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина аъзо буданд.

Ассамблеяи генералии СММ  соли  1994  ба ИДМ аввал мақоми  нозир ва моҳи августи ҳамон сол ба сифати ташкилоти минтақавии байналмилалӣ эътироф шуда, дар ҳамаи чорабиниҳои бузурги СММ ширкат меварзад.

 Гурҷистон, ки аз  ИДМ августи соли 2009 баромада буд, иштирокашро мувофиқи шартномаю созишномањои ИДМ давом медињад. Украина ва Туркманистон ба  оинномаи СНГ имзо накардаанд. Ашқобод дар соли  2005 мақомашро дар ИДМ ба сифати узви ҷамъият муайян кард,  Арманистону Озарбойҷон, њамчун аъзои ИДМ, дар њолати моҷарои перманентӣ оид ба мушкилоти њалношудаи Қарабоғи Кӯњӣ қарор доранд. Дар ин самт дар Қарабоғ њолати мусолиња риоя карда мешавад, вале хатари ҷанг њанӯз њам аз байн нарафтааст.

Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон аъзои Иттињоди иқтисодии АвруОсиё (Евразийский экономический союз  - ЕАЭС) мебошанд, ки нисбат ба ИДМ иттињодияи боэътимоди интегратисионӣ ба шумор меравад.

Украина  ва Молдавия изњор менамоянд, ки омодаанд ба ЕС бипайванданд, ки ин ба таври автоматӣ амалан ба иштироки минбаъдаи онњо дар бештари созишномањои чорчӯбаи ИДМ халал ворид месозад. Илова бар  ин, Русия ва Беларус давлати иттињодӣ таъсис дода, њамчун давалтҳои  соњибистиқлоли боқи мондаанд. Њамзамон,  Москва ва Минск аъзои ИДМ буда, давлати ягонаи иттињодии Русия ва Беларус сохтори алоњида мањсуб меёбад.

 Муғулистон ва Афғонистон, ки дар сохторњои алоњидаи ИДМ нозир мебошанд (Кобул дар соли 2008  изњор намуда буд, ки хоњиши узви комили ИДМ шуданро  дорад).

Тавре мушоњида мекунем, ИДМ њамчун иттињод  ба эътимоду боварӣ сазовор нашудааст, чунки баъзе иштирокчиён мекӯшанд аз он ҷудо шаванд (масалан, Украина дар солњои охир ба маротиб робитањои иқтисодиашро бо Русия коњиш додааст). Худи далели таъсиси иттињодияњои нави интегратсионӣ ( Иттињоди гумрукӣ - Таможенный союз, Иттињоди иқтисодии АвруОсиё - ЕАЭС) гувоњӣ медињанд, ки неруи интегратсионии ИДМ дар шакли њозираи мавҷудияташ ба нестӣ расида истодааст.

Иттињод натавонист, ки фарзияи наздик ба СССР шавад. Дар чорчӯбаи ИДМ имконияти бартарафсозии тамоили марказгурез, ки дар давлатњои пасошӯравии солњои 90-ум ва дањсолаи аввали њазораи дуюм афзалият дошт, муяссар нагардид. Лоињањои интегратсионии дар заминаи он бавуҷудомада аз Иттињод бартарӣ пайдо карданд. Иттињод сањми худро дар марњилањои аввалини майдони гуфтушунидњо барои рафъи мушкилот ва зиддиятњои њангоми пошхӯрии СССР ба миёномада гузошт. Њарчанд ки ИДМ механизми интегратсия нашуда бошад њам, дар асоси он механизмњои нави интегратсионӣ (аз ҷумла ЕАЭС) ба миён омаданд.

ИДМ ба гумон аст, ки дар муњлатњои наздиктарин аз байн равад. Иттињоди мазкур ба дараҷае ба рамзи реинтегратсияи фазои пасошӯравӣ интихоб гардидааст. Бинобар ин, аз рамзњо бо осонӣ ҷудо намешаванд. Мо аллакай имрӯз  ИДМ-ро, вақте ки чорабинии навбатӣ баргузор мешавад ё солгарди онро таҷлил карданӣ мешавем, ба ёд меорем. Мушоњида мешавад, ки вохӯрињо дар чорчӯбаи ИДМ торафт камтар сурат мегиранд ва бо мурури замон расман эълон нашуда, он аз фаъолият мемонад.

Тоҷикистон дар ИДМ

Тоҷикистони соњибистиқлол аз рӯзњои аввали таъсисёбии ИДМ ба узвияти он пазируфта шуда, иштирокчии фаъол дар равандҳои интегратсионии иттиҳод мебошад ва то имрӯз ба зиёда аз  2 ҳазор ҳуҷҷат имзо гузоштааст. Тоҷикистон дар кори Шӯрои намояндагони давлатҳои иштирокчии ИДМ, комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ  ва департаменти кумитаи иҷроияи ИДМ намояндагони худро таъин намудааст, ки онҳо дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд.

Тоҷикистон дар ИДМ бо як қатор иқдомҳо баромад кардааст, ки аз ҷониби давлатҳои иштирокчии ИДМ хуш пазируфта шуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои иттиҳод моҳи майи соли 2006 дар шаҳри Душанбе Фонди байнидалатии ҳамкории гуманитарӣ (ФБҲГ) таъсис ёфт. Соли 2008 изҳороти сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳо қабул шуд. Соли 2008  соли адабиёт ва хониш эълон карда шуд. Бо дастгирии ФБҲГ ба муносибати 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ осори адабии маликушшуароро ба табъ расонда, ба китобхонаҳои ИДМ дастрас намуд.
Тоҷикистон дар чорчӯбаи ИДМ ба масъалаҳои муносибати дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя ва татбиқи самтҳои ҳамкории иқтисодӣ низ таваҷҷуҳи беш дорад…

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>