Маросими қуръапартоии Ҷоми Иттиҳод-2016, ки дина - 17 декабри соли равон дар хонаи футболи шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, ҳашт дастаи иштирокчиро ба ду гурӯҳ тақсим кард.
Тавре сомонаи ФФТ иттилоъ додааст, қуръапартоӣ вохӯриҳои дастаи мунтахаби ҷавонони 22-солаи Тоҷикистонро дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои ҷавонони Русия, Латвия ва Эстония муқаррар намудааст. Дастаҳои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова ба гурӯҳи «А» шомил шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки мутахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба мусобиқаи дарёфти Ҷоми Иттиҳод-2016, ки аз 16 то 24 январи соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербург барпо мегардад, сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук тамрин медиҳад. Ба ситоди мураббиёни ӯ сармураббии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Рустам Хоҷаев ва мураббии ҳайати ҷавонони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе наставник молодежного состава душанбинского Баҳодур Сӯфиев ҷалб карда шудаанд.