
Барак Абама, раисҷумҳури Амрико гуфт, барои он ки сулоҳ дар Сурия истиқрор ёбад, бояд Башор Асад биравад. Ба бовари ӯ бидуни интихоби як ҳукумати фарогир ва қонунӣ сулҳ дар Сурия ғайримумкин хоҳад буд.
Барак Абама ин суханонро дар нишасти матбуотӣ дар Кохи сафед изҳор дошта, таъкид намудааст, ки "Фикр мекунам барои поён додан ба хунрезӣ дар Сурия ва ин ки ҳама тарафҳои даргир битавонад ба самти як раванди ғайрифирқаӣ ва фарогир ба ҷилав ҳаракат кунад, Асад бояд биравад".
Ин суханони Барак Абама дар ҳоле садо медиҳад, ки дирӯз Шурӯи амнияти Созмони милали муттаҳид қатъномаеро дар хусуси ба эътидол овардани вазъияти Сурия ба тасвиб расонд. Тибқи ин қатънома дар давоми шаш моҳи оянда бояд дар Сурия як ҳукумати "фарогир ва ғайрифирқаӣ"ташкил шавад.
Сурия аз соли 2011 то ба имрӯз гирифтори буҳрони сиёсӣ аст.