Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Режим барои сокинони гапногир

$
0
0

...Вақте  ки ин мақоларо менависам, ангуштонам дар болои тугмачаҳои компютер меларзанд.  На аз қаҳру ғазаб ва на аз  сардӣ, балки аз...тарс.

-Муаллим, як ба ҳамон идораи свет занг намезанӣ, охир мо одамони пиру барҷомонда дар ин торикӣ чӣ кор кунем? Худат медонӣ, чор рӯз мешавад, ки як соат гирон мешаваду даҳ соат не...

-Медонам, занг задам,  ҳамсоя. Ваъда карданд, ки барқчӣ мефиристанд. Зиқ нашавед..., - мегӯяму ҳам ӯрову ҳам худамро тасаллӣ медиҳам.Аммо аз таҷриба медонам, ки ба ин зудӣ барқи мо гирон намешавад. Агар шавад ҳам, ҳамагӣ барои ягон соат ... Гумон мекунед, ки мо дар ягон деҳаи дурдасти Мастчоҳи кӯҳи ва ё Даштиҷум  қарор дорем? Не, бовар намекунед, хонаи мо ҳамагӣ аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар масофаи 200 метр ва аз Парчами миллии  дарозтарин  ҳамагӣ, 3 километр  аз тариқи  роҳи мошингард  дурӣ дорад. Яъне мо, сокинони шаҳри зеботарини дунё Душанбе ҳастем. Бале, шаҳри мо дар даврони Истиқлолияти миллӣ таҳти сарварии Пешвои миллат ва шаҳрдори Душанбе  симои худро чунон дигар кард, ки имрӯз агар нафари  10-15 сол  пеш дар ин ҷо буда, бори дигар биёяд, комилан онро намешиносад. Аммо, дар баъзе аз қисматҳои он ҳоло  аз беихтисосии “мутахассисон”  гумон мекунӣ, ки дар ягон гӯшаи фаромӯшшудаи дунё қарор дорӣ. Мавқеи ҷойгиршавии маҳаллаи  Чаноро 2, ноҳияи Шоҳмансурро дар оғози мақола гуфтем. Инак, барқи маҳаллаи мазкур   аз 1 декабр то 15  декабр  96 маротиба ба садама дучор шудааст ва сокинони он дар ин муддат ба ҳисоби миёна ҳамагӣ дар як шабонарӯз 5-5,6 соат барқ гирифтаанду халос. Дар чор шаби охири ин муддат умуман барқ надоштанд гӯем, иштибоҳ намешавад. Биёед, ба шумо хронологияи  суҳбати якшабаи гуфтугӯ бо “мутахассисони” Шабакаҳои барқи Шоҳмансурро (минбаъд ШБШ), ки шаби 13 ба 14 декабр баргузор шуда буд,  аз тариқи сабти телефон барқарор  кунем.

Соат 20.10.

ШБШ тел: 227 10 12 - Шабакаҳои барқи Шоҳмансур гӯш мекунад.

-Хоҳарҷон, барқи мо боз хомӯш шуд. Имрӯз аз субҳ танҳо бори дуюм аст...   

-Заявкаатонро қабул кардем, интизор шавед...

Соати 21.50

-Хоҳарҷон, кай устоҳоятон меоянд?

ШБШ - Интизор шавед...

Соати 22.17

ШБШ - Интизор шавед...

Соати 23.04  барқ гирон мешавад. Аз хурсандӣ зуд аз ҷойгаҳ баромада компютерро гирон мекунаму ба кори нимбудам  мечаспам. Аммо...

Соати 23. 55 дақиқабозхомӯшмешавад.

Соати 00 . 19

ШБШ -Дуруст карданд ку...

-Шояд аз они  дигаронро дуруст карданд, аммо аз мо ҳанӯз ҳам нодуруст.

ШБШ - Интизор шавед...

Соати 02 .14

ШБШ (овози хоболуд):  - Интизор шавед гуфтам- ку. Ман ба диспетчер гуфтагӣ.

Соати 3.10

ШБШ (овоз базӯр шунида мешавад) -  Тоқат кунед, меравад.Шумо чаро ин қадар бетоқат? Шаб хоб доред ё не?

-Не, дуои ҷони шуморо мекунем. Ман кор карданам лозим. Пагоҳ субҳ корамро супориданам даркор. Ба ман рақами дистпетчератонро диҳед...

ШБШ - Он кас телефон надоранд...

Соати 5.50

ШБШ - Рафтагӣ. Гирон мешавад.

Соати 6.15

-Субҳат ба хайр, духтарҷон. Боз як шаби бебарқӣ паси сар шуд...

 ШБШ - Танҳо хонаи худатон барқ надорад? - пас аз шунидани ин суханон қариб ба пушт афтода будам. Магар ман шаби дароз бо ҳамин зан  дар бораи бебарқ будани як қисмати калони маҳалла суҳбат накарда будам? Худро ба даст гирифтаму бо тани ларзону ҳуши парешон аз дари хона баромадам ва  бо риши ногирифтаю кори иҷронакарда ба сӯи коргоҳ  равон шудам...

Ин танҳо як шаби “суҳбати” беохири мо бо Шабакаҳои барқи Шоҳмансур  буд.  Ду рӯз қабл аз он,  вақте ки пас аз 12 соати бебарқии навбатӣ ба назди трансформатори №946 мошине бо навиштаҷоти “Шабакаҳои барқи Шоҳмансур” омаду мардуми зиёде атрофаш ҷамъ шуданд, аз дохили он ду марди босалобат бо нишони “ШБШ” баромада гуфтанд:

 -Мо “воздушний” симатонро пайванд мекунему меравем. Трансформаторатонро дигарон омада мебинанд. Агар...

-Қарс аз ду тараф...,-ба ҳамроҳаш нигоҳ карда гуфт марде, ки дар сари чамбараки ШБШ менишаст.

Ҷамъомадагон фаҳмиданд, ки ӯ чӣ мехоҳад. Ин дам пулчинаки барқ пайдо шуд ва одамон ӯро нишондода гуфтанд, ки маблағи барқро ба ҳамин шахс месупоранд, бас нест? Мо шикоят мекунем.

-Шикоят кунед, аз ҳамин ҳолатон ҳам мемонед. Бароятон режими барқ ҷорӣ мекунанд, ана, баъд мебинем...

Мо  ба телефони навбатдор занг задем. Аз он ҷо гуфтанд, ки не бояд онҳо барқатонро пайваст кунанд ва ШБШ маҷбур шуд, ки як даста симро гираду ба ҷойи ноқили муҳофизавӣ (предохранител)  печонад. (“ҳунар”-и мутахассисонро дар акс мебинед). Барқ гирон шуд, танҳо ... барои ду соат...

Албатта, ин ҳоли шигифтангезро  танҳо айби ШБШ гуфтан ҳам аз рӯи инсоф нест. Зеро мутахассисони барқ хулоса мекунанд, ки минбаъд трансформатори 946  бо он  иқтидоре. ки дорад, ҳаргиз аз ӯҳдаи тъмини се гузари калон баромада наметавонад ва он бояд бо пойгоҳи пурқувваттаре иваз карда шавад. Магар ин ҳолатро вақте, ки ба Раиси шаҳр дар мавриди омодагии садфоиза ба фасли зимистон  ҳисобот медоданд, намедонистанд?

 ...Ангуштонам дар болои тугмачаи компютер  аз тарс меларзанд. Бале, метарсам аз он, ки боз дар торикӣ Бобои Зикриёи ҳаштодсола аз болои пули ларзонакаш (натиҷаи ҳатӯлкории боз як ширкати “ободкор” дар ин маҳалла) гузаштанӣ шуда, ба канали семетраи паси хонааш наафтад. Метарсам аз он, ки хонандаи синфи се  Усмоналӣ барои бе тайёрӣ ба дарс рафтанаш баҳои ду нагирад, метарсам аз он ки ба “шарофати” кормандони ШБШ боварии мардум нисбат сохторҳои хизматрасони ҳукумати шаҳр  коста нагардад. Боз то баҳор чанд шаби бебарқӣ сокинони Чаноро 2-ро интизор аст, танҳо ШБШ ва мутахассисони чирадасти он медонанд... Ё воқеан ҳам ба гуфти ронандаи ШБШ, барои “боодобу зудфаҳм"ва пуртоқат кардани мо “режим” лозим аст?

А.АҲМАДЗОДА,

сокини “хуштолеъ”-и

кӯчаи Акбар Махсумов

(собиқ Будённий)

P.S. Бегоҳирӯзие, ки маводи мазкур ба чоп мерафт, барқ "ҳамагӣ"се бор хомӯш шуд ва гуфтанд, ки барои таъмири трансформатор таҷҳизот меоранд. Аҷаб, магар кӯрпаи сад лахт шударо дарбеҳ карда, якбора ба се кас пӯшондан мумкин аст? Ин трансформатори мероси  шуравӣ ҳоло ба се  маҳалла хизмат мерасонад...

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>