Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Касе ба Амрико рафта наметавонад, агар ба Эрон, Сурия, Ироқ......

$
0
0

Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳи маҳдудиятҳоеро қабул кардааст, ки минбаъд роҳи касоне, ки ба Амрико сафар мекунанд, маҳдуд мешавад.

Конгресс ё Маҷлиси намояндагони Амрико маҳдудиятҳои навро барои кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бидуни виза ба он кишвар сафар кунанд, тасвиб кардааст. Тарҳи нав дар пайи ҳамлаҳои маргбори Порис, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ"масъулияти онро ба ӯҳда гирифт, матраҳ шуд. Амрико бо 37 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, низоми мусофирати бидуни виза дорад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ин тарҳ вуруди бидуни раводиди касоне, ки тайи панҷ соли гузашта ба кишварҳое монанди Эрон, Судон, Сурия ва Ироқ сафар карда бошандро низ лағв мекунад. Амрико бархе аз ин кишварҳоро ҳомии терроризм медонад.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>