Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҳалокати 3 ноболиғ аз садама

$
0
0

Ҳафтаи гузашта аз беэњтиётии  ронандањои мошинњои сабукрав 3 ноболиѓ ба њалокат расид.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷиликул ба самти шаҳри Қурғонтеппа ( 6декабр) дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ, духтарчаи 10-сола, хонандаи синфи 4-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, сокини ноҳияи Ҷ.Рӯмиро пахш намудааст. Дар натиҷа духтарчаи ноболиғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Ҳамчунин дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, марди 29-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Ҷангалак аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099”, таҳти идораи ронанда, марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст. Баъдан автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 6-сола, хонандаи синфи 1-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, сокини ноҳияи Варзобро пахш намуда, сипас ба автомашинаи тамғаи “Камаз”, таҳти идораи ронанда, марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан,бархӯрдааст. Дар натиҷа писарбачаи ноболиғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Санаи 04.12.с.2015, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шанси”, марди 40-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз тарафи деҳаи Чашмасор ба тарафи ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада,  писарбачаи 2-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа писарбачаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>