
Коршиноси муассисаи Ҳодсон дар Амрико мегӯяд, Владимир Путин ҷои пои амрикоиҳо дар Аврупо ва Ховари Миёнаро мегирад.
Рибко Ҳойнэрикс, корманди муассисаи Ҳодсон дар суҳбат бо телевизиони Fox News гуфт, Амрико дар Аврупо ва Ховари Миёна аз мавқеи пештоз канор рафта ва ҳоло Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҷои пои амрикоиҳоро мегирад.
Ӯ дар идомаи суҳбаташ таъкид кардааст, ки Амрико дар мавқеияти душворе қарор дорад ва бояд дар ин замон аз Туркия, ки узви НАТО мебошад, ҳимоят кунад.
Хонум Рибко Ҳойнэрик иддао кардааст, ки сафари Франсуа Оланд ба Маскав бо вуҷуди мавқеи Русия барои боқӣ мондани Башор Асад, раисҷумҳури Сурия дар сари қадрат баёнгари чархидани ҳаводис ба нафъи Владимир Путин аст: "Агар Русия воқеан қасди мудохила ва тадбирҳои ҷавобҷӯёна алайҳи ДИИШ-ро дошта бошад, ҳатто ҳамчунин аз бархе гуруҳҳои мухолифи Башор Асад интиқом бигирад, фаронсавиҳо хоҳанд гуфт"Ин одами мост ва мехоҳам ба ӯ бипайвандем".
Баъди Суқут додани ҷангандаи Русия аз ҷониби ҳавопаймои Туркия бархе кишварҳои аврпупоӣ сукут карданд. Ҳамчунин Амрико низ Русияро ба коҳиши таниш байни Анақара ва Маскав даъват кард. Аммо Русия бо тадбирҳои талофҷӯёна бастаи таҳримҳоеро алайҳи Туркия ҷорӣ кард, ки ба гуфтаи иқтисодонҳо ба иқтисоди ин кишвар зарбаи муҳлик мезанад.