Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Оғохон дар Хорӯғ бозори 300 ҳазор евроӣ сохт

$
0
0

Дар маҳаллаи Теми шаҳри Хорӯғ Бунёди Оғохон бозори наздисарҳадиро боз карданд, ки арзиши умумии сохтмони он 300 ҳазор евро мебошад.

Дар  ин хусус дафтари матбуоти Бунёди Оғохон ба расонаҳо иттилоъ дод. Ба иттилои дафтари ин бунёд бозори мазкур аз ҷониби Бунёди Оғохон ва бо кумаки молиявии ҳукумати Олмон сохта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз сохтан  ин бозор дастарсии сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Бадахшони Афғонистон бо маводи озуқа ва молу колои нисбатан арзон, ҳамчунин фароҳам кардани шароити кор ба тоҷирони тоҷику афғон, рушди равобити фарҳанги байни ду кишвар ва ғайра мебошад.

Ин бозор бо ширкати Исрор Исроров, муовини раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, Ғулом Ҳошимӣ Сои, консули Ҷумҳуриии исломии Афғонистон дар шаҳри Хорӯғ, Кристин Лаабс, раҳбари Бонки рушди Олмон дар Тоҷикистон ва Ёдгор Файзов, раҳбари Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон кушода шуд.
 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>