Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Эътроз дар ҳимояти кудаки тоҷик дар наздик Консули Русия дар Олмон

$
0
0

Рӯзи 5-уми декабр дар назди консулгарии Русия дар шаҳри Мюнхени Олмон барои ҳимоят аз парвандаи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров, ки ҳудуди дувуним моҳ қабл дар як бемористони Санкт-Петербург ба таври мармуз фавтид, пикет ваё ҳамоиш баргузор шудааст.

Ин ҳамоиш бо ибтикори Мадина Муҳаммадова, як хонуми доғистониасли сокини Олмон роҳандозӣ шудаааст. Барои баргузории ин эътироз Мадина Муҳаммадова аз мақомоти шаҳрдорӣ иҷозаи расмӣ гирифта ва дӯстони худро тавасути шабакаи иҷтимоии Facebook аз ин ҳамоиш огаҳ карда буд.

Дар як навори видеоӣ, ки аз ҷараёни баргузории ин ҳамоиш дар сафҳаи "Фейсбук"-и хонум Мадина Муҳаммадова нашр шудааст, ӯ мегӯяд, ки ин ҳодиса амалан куштори як наврас буд. Ба гуфтаи вай, ҳангоме ин кӯдаки ширхорро дида ва дониста аз модараш ҷудо карданд, маълум нест, ки баъдан ба ӯ чӣ ҳодиса рух додааст ва вақте Умаралӣ фавтид, дар дасти мақомоти пулис ва кормандони бемористон буд. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>