
Роҳбари Толибон Мулло Ахтар Мансур дар шаҳри Кветаи Покистон бар асари як даргирӣ захмӣ шудааст.
Бар асоси гузориши расонаҳо, Мулло Ахтар Мансур бар асари табодули оташ байни фармондеҳони ин гурӯҳи террористӣ захмӣ шудааст. Афзун бар ин бархе гумонзаниҳо вуҷуд дорад, ки Мулло Ахтар Мансур дар ин даргириҳо кушта шудааст.
Мулло Ахтар Мансур баъди марги Мулло Умар, раҳбари пешини ин гуруҳи террористӣ бар раҳбарии ин гурӯҳ омад. Бархилофи майли ӯ, бархе фармондеҳони Толибон аз раҳбарии ӯ норозиянд.
Ҳанӯз манобеъи расмӣ, аз ҷумла ниҳодҳои амниятии Покистон ин хабарҳоро тасдиқ накардаанд. Дар гузашта, хабари марги Мулло Умар, раҳбари пешини Толибон аз ҷониби мақомоти амниятии кишварҳои Афғонистон ва Покистон тасдиқ шуда буд.
Addthis: