
Пракратураи вилояти Владимир парванди духтари 18-солаи тоҷикро ба додгоҳ фиристодааст, ки бар асоси он, духтар ба таблиғи ифротгароӣ муттаҳам мешавад.
Додситонии вилояти Владимири Русия рӯзи 1 декабр аз анҷоми таҳқиқи парвандаи як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон Мавзуна Мазориеваро бо иттиҳоми таблиғи ифротгароӣ хабар дод. Додситонии Владимир мегӯяд, хулосаи айбдоркунӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 280-уми Кодекси ҷиноии Русия (даъватҳои оммавӣ ба анҷоми фаъолиятҳои ифротгароӣ бо истифода аз шабакаи Интернет) бо имзои муовини додситони вилоят ба додгоҳ рафтааст.
Ин банди Кодекси ҷиноии Русия барои таблиғи ифротгароӣ бо истифода аз васоити ахбори умум ба ҳайси муҷозот корҳои иҷборӣ ба мӯҳлати то 5 сол ваё то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.
Дар додситонии вилояти Владимир рӯзи 1 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи ин духтари 18-солаи тоҷикро додгоҳи шаҳри Колчугинои ин вилоят муҳокима хоҳад кард. Колчугино дар тақрибан 150-километрии шимолушарқи шаҳри Маскав, пойтахти Русия ҷойгир шудааст.