Як масъули кумитаи амният гуфт, ҷангиёни ҳаракати "Толибон"аз симкортҳои ширкатҳои Тоҷикистон истифода мекунанд.
Ин нуктаро, Мансурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бар асоси таҳлилҳои ин ниҳод иброз дошт. Ӯ ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун "Дар бораи алоқаи барқӣ"дар Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки ҷангиёни Толибоне, ки дар марз қарор доранд, аз ин симкортҳо истифода мекунанд. Инчунин маълум шудааст, ки қочоқбарон низ аз ин симкортҳо истифода мекунанд.
Ба гуфтаи ин масъули кумитаи амният дар Тоҷикистон беш аз 7 миллион симкорт вуҷуд дорад, ки дар сурати қабули қонун тамоми симкорҳо аз нав сабти ном шаванд.Баъд аз қабули ин қонун афроде, ки ба фурӯши ғайриқонунии симкортҳо машғуланд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Addthis: