
Маводи нашъадор, банг, ҳашиш, гароин-баробари шунидани ин калимаҳои манфур ба тани кас мурғак медамад ва беихтиёр дар пеши назар панҷараи зиндон ҳувайдо мегардад. Аз пушти ин панҷара садҳо, балки ҳазорон одамони ба васвасаи шайтон ва ҳирси пулу мол афтида, даст ба ҷиноятзада бо ашки надомату пушаймонӣ ба мурғакони озод менигаранд. Дилашон мехоҳад мисли ҳамин мурғакон озод бошанд, мехоҳанд болу пар бароварда ба хонаашон парвоз намоянд ва бо зану фарзандонашон сари як дастурхон нишаста аз ҳавои озодӣ нафар бигиранд, вале ҷуз ангушти пушаймонӣ газидан дигар чора надоранд. Тақдири ин тофа бояд ба афроде, ки аз беҳтарин неъмати парвардигор-озодӣ бархӯрдоранд, дарси ибрат шавад, аммо ҳанӯз ҳам ҳастанд инсонҳое, ки барои пулу моли ҳаром шуда, даст ба чунин ҷиноятҳои вазнин мезананд. Исмоилов Ҷума Шафиевич аз ҳамин зумра аст. Касби ин мард ронандагист. Аз пушти ҳамин касб солҳо ризқу рӯзиашро меёфт. Зиндагиаш шоҳона набошад ҳам, ба касе муҳтоҷ набуд. Ҳаёти хушу осуда дошт, вале ба доми нафс афтида, худро бо дасти худ маҳкум ба пушти панҷараи зиндон намуд.
Ҳамон рӯзи наҳс ҳамкораш Убайдулло ба Ҷума занг зада, гуфт, ки духтарчааш сахт бемор шудааст ва хоҳиш намуд, ки ба ҷойи ӯ паси чанбараки «Дулон» нишаста, бори тоҷири афғон Ғулом Раҳмонро ба «Бандари Шерхон»-и ҷумҳурии исломии Афғонистон бубарад. Мошин ба ширкати «Анбат-Сервис» таалуқ дошт ва бо розигии корхона Ҷума ба ҷойи Убайдулло сари чанбараки «Дулон» нишаста ба роҳ баромад. Ин рейс барои Исмоилов рейси охирин гашта, вохӯрии тасодуфӣ бо шиноси афғонаш Халил ба рӯйи сарнавишти Ҷума хати сиёҳ кашид. Халил ба Ҷума ошкоро гуфт, ки 24 баста маводи нашъаовари навъи «ҳашиш» дорад ва дар сурати ин борро то Душанбе расондан 1200 доллари амрикоӣ «мукофот» хоҳад гирифт. Ҳирси пулу мол ақли ин марди синну солаш аллакай ба ҷое расидаро тира намуда ба пешниҳоди афғон розӣ шуд. Ошноҳо ҷойи вохӯриро таъин намуда, хайрухуш карданд.
Пас аз фаровардани бори тоҷири афғон Ғулом Раҳмон ронандаи беандешаи тоҷик ба мулоқот бо Халил шитофт. Маводи нашъадорро дар болои кабинаи мошин дар махфигоҳ ҷой карда, Исмоилов бо табъи болида ба роҳ баромад. Пас аз нуқтаи гузаргоҳи гумрукии «Панҷи поён»-ро расман убур намудан ронанда дилпур шуд, ки дигар чизе ба озодиаш таҳдид намекунад, аммо ин хаёлаш хом баромад. Сирру асрори Ҷума Исмоиловро кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо кӯмаки саги хизматӣ бо лақаби «Жок» фош намуданд. Ин саги доно аз махфигори мошини «Дулон» ба зудӣ 34 киллограмму 407, 8 грамм маводи нашъаовари навъи «ҳашиш»-ро пайдо намуда, дасту пойи ронандаи нашъаҷалобро бе банд баст. Исмоилов дарк мекард, ки инкор намуданаш дигар маънӣ надорад, аз ин рӯ ҷинояти содирнамудаашро бар дӯш гирифта, дарҳол ба гуноҳаш иқрор шуд.
Суд ба категорияи ҷиноятҳои вазнин дохил шудани кирдори судшавандаро ба инобат гирифта Исмоиловро ба муҳлати 15 сол равонаи зиндон намуд. 1200 доллари амрикоӣ дар шароити кунуни маблағи ночиз аст, вале барои ҳамин чанд коғази кабӯдак акнун ин марди 56 сола бояд 15 соли ҳаёташро дар паси панҷара гузаронад. Ҳамин аст оқибати беандешагию қиноятпешагӣ!
Мустонова М. Қ. ,
Судяи суди ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе.
Фирӯза Сатторӣ, журналист.