Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Боздошти корманди Шӯъбаи маориф бо 1000 $ пора

$
0
0

Як корманди Шӯъбаи маориф шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби агентии мубориза бар зидди фасод дасгир шудааст.

 

Бар асоси иттилои манбаъ, Турдиев Тоҷиддин Ёрмаҳмадович, методисти омодагии дифои ҳарбӣ, барои аз хизмати ҳарбӣ озод кардани бародари порадиҳанда "Ғ"аз ӯ маблағи 1000 доллари амрикоӣ талаб кардааст. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони агентии мубориза бар зидди фасод ӯро вақти гирифтани пора боздошт кардаанд. 

Бар асоси қисми 1 моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Турдиев Тоҷиддин Ёрмаҳмадович парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>