Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Иржи Бечка дар бораи Бобоҷон Ғафуров

$
0
0

Раҳбари пешини Тоҷикистон ва сарвари собиқи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Иттиҳоди Шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров бо ховаршиносони кишварҳои гуногуни ҷаҳон пайвандҳои наздик ва гарм дошт ва ҳамеша онҳоро водор мекард, барои тоҷикон ва Тоҷикистон корҳои хубе анҷом диҳанд.

 

Ин пайвандҳо тайи солҳои дароз “сабз” шудаву аз доноӣ, ҳамкорӣ, қадршиносӣ ва меҳрубонии устод Ғафуров “об хӯрда”, меваҳои ширин додаанд. Шубҳае нест, ки даҳҳо пажӯҳиши ҷолиб ва мондагори донишмандони Шарқу Ғарб зери таъсири бевоситаи ӯ ба миён омадаанд. На танҳо вазифаҳои баланди ӯ дар ҳукумати кишвар, Институти шарқшиносии Шӯравӣ, нашриёти “Восточная литература” ё ҳайатҳои бонуфузи ЮНЕСКО чунин имкониятро фароҳам овардаанд, балки ишқи ӯ ба мардум ва ватанаш дар ин самт нақши бориз доштаанд.

Ховаршиноси машҳури чеху словак Иржи Бечка мегуфт, Ғафуров ба ҳамкорони хориҷияш мавзӯъҳоеро пешниҳод мекард, ки шавқи онҳоро ба таҳқиқи таъриху фарҳанги тоҷикон ба вуҷуд меовард ва ин вижагиро дошт, ки ба натиҷаҳои кори ин донишмандон диққат диҳад ва пас аз солҳо низ дар дидорҳо аз бурду бохти кори онҳо ёдоварӣ кунад. Ба сухани устод Бечка, Ғафуров, барои рушди кори чунин олимон ҳеч ёрию мадад ва ҳамдастиро аз онҳо дареғ намедошт.

Инҳо чизеҳое буданд, ки аз сӯҳбатҳои зиёди ман бо устод Бечка дар ёдам мондаанд. Чанде пеш бо дархости дӯсти азиз ва боистеъдодам, шоир ва пажӯҳишгари тоҷик Шоҳмансури Шоҳмирзо забти ин сӯҳбатҳоро аз нав гӯш кардам ва як порчаро барои ӯ фиристодам, ки дар ҷашнвораи устод Ғафуров истифода кунад. Ба шарофати ин дархост он забтро рӯйи коғаз овардам ва ҳоло фикр мекунам, ҳайф аст, агар ба дасти дӯстдорони илму фарҳанг нарасад. Рӯзи дақиқи ин сӯҳбат дар ҷое сабт нашудааст, вале фикр мекунам, зимистони соли 2009 бошад. Инак, матни он гуфтугӯ:

Устоди арҷманд, то ҷое ки хабар дорем, Шумо борҳо бо Бобоҷон Ғафуров, раҳбари пешини Тоҷикистон ва сарвари собиқи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Иттиҳоди Шӯравӣ дидору гуфтугӯҳо доштаед. Аз он нишасту бархостҳо чи чизҳое дар ёди Шумо мондааст?

Иржи Бечка: Бале, ман чанд бор бо Бобоҷон Ғафуров мулоқот кардаам. Аввалин дидори мо дар соли 1958 дар Прог рӯй дод. Устод Ғафуров ҳамроҳ бо Иосиф Брагинский барои ширкат дар як сессияи хурди илмӣ ба ин ҷо омада буданд. Ман он касро дар фурудгоҳ вохӯрдӣ кардам. Бо ин як ҳодиса нисбатан қашанге марбут аст. Чанд сол баъдаш инро ба ман Иосиф Брагинский нақл кардааст. Вақте ки Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи Брагинский ба утоқи меҳмонхона дар Праг омаданд, Ғафуров гуфтааст, ки “ман хаёл кардам, ки на ба Праг, ба Душанбе расида бошам, азбаски маро ба забони тоҷикӣ қабул карданд. Ин ҳазл буд, албатта, аммо ин аз он буд, ки вақте ки дар фурудгоҳ ин ду устод омаданд, ман “саломуалейкум, устод, ҳоли Шумо чӣ тавр аст, хуш омадед”-ро ба забони тоҷикӣ гуфтам ва аз ин сабаб ин кас ин шӯхиро гуфтааст.

Як ёддошти дигар дорам, аз он дида шудааст, ки Бобоҷон Ғафуров ҳақиқат ҳам як марди бисёр қавӣ буд ва бисёр доно. Ин тақрибан дар соли 1967 ё 68 буд, ҳоло дар ёдам нест, он вақт дар Порис як сессия ташкил карданд дар бораи таърихи Осиёи Миёна ва Бобоҷон Ғафуров раиси ин сессия шуданд. Ва ман дидам, чӣ тур моҳирона ин мард ба ин сессия раҳбарӣ ва гуфтугузорҳоро раҳнамоӣ кард. Дар ин сессия тақрибан 30 нафар аз ҳамаи дунё буданд, аз Шветсия, Амрико ва ҳамаи кишварҳо.

Ва савум, баъд аз истилои Шӯравӣ дар соли 1968 мо дар ин ҷо бисёр  бадбахт шудем. Ва барои камина бисёр сахт буд. Азбаски ман дар кишвари Шӯравӣ дӯстони зиёд доштам, махсусан дар худи Тоҷикистон ва умуман Тоҷикистони азизи ман дар ҳайати ҳамин кишвар, яъне Шӯравӣ буд. Тақрибан дар тайи чаҳор ё панҷ сол ман чанд бор ба Шӯравӣ даъват шудам, аммо нарафтам. Аммо баъд аз ин чаҳор-панҷ сол, вақте ки аз нав даъват шудам, ба Душанбе рафтам ва дар роҳ, дар Москув бо Бобоҷон Ғафуров сӯҳбат кардам ва ҳис кардам, ки ин кас ҳам бар зидди ин истило буд ва ба ман рӯшан нагуфта бошад ҳам, ба ман мефаҳмонд, ки розӣ нест. Яъне дидам, ки ин ҳақиқатан ҳам як шахси бузург буд ва барои мардуми Тоҷикистон кори зиёд кардааст.

Савол: Устоди арҷманд, Шумо Ғафуровро ҳамчун як инсон, бидуни хидматҳои бузурги илмӣ ва давлатияш, ҳамчун як ҳамнишин чӣ хел дарёфтед?

Иржи Бечка: Хуб, ман гуфтам, ки ман аз аснои аввал фаҳмидам, ки ин як марди доно, марди бузург, марди қавӣ аст, ки медонад, бояд чӣ кор кард. Ҳақиқатан ҳам ман инро ҳис кардам. Ва ҳам ман бо ин кас як бор ё ду бор дар осоишгоҳи Карлови Вари мулоқот кардам. Он кас чанд бор омаданд ва ман бо он кас ба он ҷо рафтам ва хеле бо ҳам сӯҳбат доштем. Ин барои камина бисёр муфид буд.

Савол: Сӯҳбатҳои Шумо асосан дар чӣ мавзӯъҳо буданд?

Иржи Бечка: Хуб, мо махсусан дар бораи Тоҷикистон, дар бораи адабиёт, таърихи Тоҷикистон ва ҳам дар бораи ояндаи Тоҷикистон. Ман он вақт бо эшон ошкор сӯҳбат кардам ва ба назари ман ин кас озоду ошкор буд в хаёл мекунам, ки ҳам дӯстӣ ба миллати мо, ба Праг ва ба Чехословакия ҳис мекард. Ҳамеша вақте ки меомаданд, мо бисёр шод мешудем.

Савол: Ҳис мекардед, ки устод Бобоҷон Ғафуров аз ҳокимияти Маскав ба Тоҷикистон ё сиёсатҳои нодурусти Маскав нисбати Тоҷикистон ягон фикру ақидае доштанд?

Иржи Бечка: Инро наметавонам бигӯям. Аввал ин ки ӯ раиси як институти бузург дар Маскав буд ва ман он вақт як корманди илмии нисбатан хурд дар Праг будам, яъне ки мо зиёд ва ин қадар ошкор сӯҳбат накардаем ва аммо нисбатан фаҳмидам, ки ин кас бо мо тақрибан ҳамфикр аст.

Савол: Оё устод Ғафуров дар сӯҳбат бо Шумо ва ҳамкорону ҳамкасбони дигари Шумо дар Чекусловик дар бораи  таҳқиқоти таърих ва адабиёт машварате ё назаре медоданд?

Иржи Бечка: Бале, албатта, ин кас бисёр мехост, ки мо дар бораи Осиёи Миёна бештар бидонем ва ба мо дар бораи китобҳо ва дар бораи илм дар Тоҷикистон, корҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон сӯҳбат мекарданд ва ин барои ман бисёр муфид буд. Ман бояд аз устод Бобоҷон Ғафуров бисёр миннатдор шавам, миннатдор будам ва ҳастам, зеро ки сафари аввали ман аз ин ҷо аз Чехословакия ин ба Тоҷикистон буд. Баъд аз ин 1958, вақте ки ин кас ба Праг омаданд, чанд моҳ баъдаш ман ба Душанбе даъват шудам ва ин аввалин мулоқоти ман бо маданияти Тоҷикистон буд.”

Addthis: 
Автор: 
Салими Аюбзод

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>