Китоби "Имову ишора"барои кӯдакони ношунавои мактабҳои махсус, омӯзгорон, волидон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои сурдопедагогика нашр шуд.
Ин китоб бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳаҷми 440 саҳифа ва бо теъдоди 2 000 нусха ба табъ расидааст. Муаллифони ин китоб дар сарсухани он таъкид кардаанд, ки "Дар ин китоб 1594 ишораи ба истилоҳ байналмилалӣ(дар 23 мавзӯъ) ва 206 ишораи тоҷикӣ ворид карда шудааст, ки ҳар як ишора як калима, як мафҳум ва ҳатто як фикри томро ифода менамояд". Китоби мазкур дар матбаи "Кайҳон"дар соли 2015 ба нашр расидааст. Муаллифони он С.Д. Қувватов, З.П. Раҳмонов мегӯянд, ин китоб аввалин дастури таълимӣ дар таърихи кишвар буда, дар ҳамкори бо маркази имову ишора ва таълими кӯдакони ношунавои шаҳри Москав эҷод шудааст.