
Владимир Путин, раиҷумҳури Русия бо Оятуллоҳ Хуманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон мулоқот карда, ба ӯ қадимтарин нусхаи хаттии Қуръонро ҳадя додааст.
Бар асоси гузориши расонаҳо, Владимир Путин имрӯз 23 ноябр вориди Теҳрон шуда бо мақомоти олирутбаи ин кишвар, аз ҷумла Оятуллоҳ Хуманаӣ, раҳбари инқилобии исломии Эрон, Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури ин кишвар мулоқот анҷом додааст. Пештар расонаҳо навишта буданд, ки Путин ба хотири ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои содиркунандаи гоз ба Теҳрон сафар мекунад. Путин бо сафари якрӯза дар Теҳрон қарор дорад. Ӯ нахустин мулоқоташро бо раҳбари инқилоби исломии ин кишвар оғоз кардааст, ки расонаҳо онро "иқдоми бесобиқа"-и Путин дар ҷараёни сафарҳои расмиаш унвон кардаанд.
Addthis: