Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ошиқи аспи сафед

$
0
0

Ошиқам, ошиқи ситораи субҳ,

Ошиқи абрҳои саргардон.

Ошиқи рӯзҳои боронӣ,

Ощиқи ҳарчӣ номи туст бар он.

 

Шаҳдборони садо

Борон паси тиреза тарона мехонад, таронаи ширину дардолуда. Ва ашкҳои ман ҳамраҳи ашкҳои борон ҷорӣ мешавад аз сари мижгон, зеро таронаи борон ба таронаи ӯ шабеҳ аст. Таронаи борон таронаи Муқаддас аст.

Бод дар гулгашти боғча фасона мехонад, афсонаи  интизории духтараки абрӯкамонро дар роҳи ёри номеҳрубон. Афсонааш бароям он қадар ширину ошност, ки маро аз ман мерабояд, охир, ин афсонаи ӯст, афсонаи ширини Муқаддас аст.

Офтоб дилгаҳи тираи абрро медарад ва ғолибона лабханд мезанад сӯям, лабхандаш тарона мешавад, таронаи нур. Оҳ, лабханди офтоб  шабоҳате ба гулбарги лабони таронасаройи ӯ дорад. Балки, офтоб низ таронаи Муқаддасро мехонад!

Аз шумо мепурсам, ай боди раҳгузар, борони пурсамар, ай шамси баҳру бар, он духтараки ошиқ, он дилбараки мушфиқ, он маҳи ширинзабон, он ситораи тобонро, ки Муқаддасаш мехонанд, дар куҷо дидаед?

Таронаашро дар кадомин маҳфил шунидаед?

Оре, ӯро мепурсам, ҳамон Муқаддасеро, ки мисли ситора  дар як дурахш моҳи маҷлис шуд. Ман аз ҳамон Муқаддасе ҳарф мезанам, ки дар дилҳои ошиқони ҳунар   шӯру валвалаи ҷовид барпо кард. Агарчи умри булбулро ба сар бурд, Муқаддас тавонист  дар умри кӯтоҳи худ хидмати як садсоларо барои ҳунари тоҷик ба анҷом бирасонад. Зиндагӣ аҷаб гардишҳое дорад, афроде кореро ба андозаи як баргаки коҳ анҷом додаву мушт бар сина мезананд, вале ӯ...

Муқаддас, ҳеҷ гоҳ даъвии бузургиву аломагӣ накард, агарчӣ ҳунари тоҷикро ба сайри ҷаҳон бурд, тавассути таронаҳояш пайванд дод тоҷиконро бо санъати ҷаҳонӣ.

Ва ҳамин аст, ки имрӯз ҳам ӯро меҷӯянд. Меҷӯянд мухлисони ҳунари воло Муқаддас Набиеваро аз рози созҳову аз умқи таронаҳояш.

 

Ғубори хотираҳо

Аз рӯзгору зиндагии Муқаддас бисёрҳо гуфтаанду мегӯянд, аммо то ҳанӯз дунёи Муқаддас мисли таронаҳояш нокушода аст.  Аз ин ҷост, ки паи кушодани гулбаргҳои рози зиндагии ӯ то ҳанӯз басо талошҳо кардаанду хоҳанд кард. Муроди мо низ кушодани  равзанаи нурест бар дунёи мармузи ин ғунчаи  дар баҳори умр пажмурда аст. Ва ин дунёи зеборо мо аз саҳифаи хотироти хоҳари Муқаддас ҳунарпешаи маҳбуб Сабоҳат Қосимова ҷустуҷӯ кардем.

-Дар аксари ин нигоштаҳо зиндагӣ ва рафтори Муқаддас ба фикри ман зоҳирӣ инъикос меёфт. Ман фикр мекунам Муқаддас хеле ва хеле чуқуртар ва амиқтар фикр мекард ва ҷаҳони Муқаддас хеле мураккабтар буд. Вай дар зиндагӣ хеле зиёд мехонд ва фикр мекард. Ман ҳайрон мешудам, ки чӣ тавр Муқаддас дар як муддати кӯтоҳ китобҳои бузурги ҳазор саҳифаро мутолиа мекунад ва ба ҳар  воқеаи зиндагӣ ин қадар ҷиддӣ назар дорад. Бисёри одамон ба рафтор ва зиндагии Муқаддас аз зоҳири содда ва хушнамуди ӯ баҳо медоданд ва гумон мекарданд, ки вай ба зиндагӣ ҳамин хел содда ва сатҳӣ муносибат мекунад, лекин аслан Муқаддас дунёи бой ва ғанӣ дошт.

-Бунёди ҳастии инсон ишқ аст, оё Муқаддас  ошиқ буд?

-Муқаддас дар зиндагӣ чун дар китобҳо ишқи покро мекофт, шояд барои ҳамин ҳам дар роҳи зиндагӣ зиёд пешпо хӯрд.

Вай аз кӯдакӣ дар орзуи ишқи пок буд. Писараш Баҳодур меваи ишқи ҳалолу поки Муқаддас буд, вале ӯ ҳам ин дунёи  фониро падруд гуфт.

Ман ҳама вақт дар чашмони роҳгузарон нигоҳи поку беғаши Муқаддасро меҷӯям. Вай ба тамоми ҳодисоти зиндагӣ  аз даричаи ҳақиқат менигарист, ҳақбину ҳақчӯву ҳақгӯ буд. Муқаддас худро  нотарсона ба оғӯши амвоҷи пуртуғёни зиндагӣ меафканд.

Агар Муқаддас ошиқ намебуд, ин қадар зуд ва амиқона шеъри Румиро намеёфту намесуруд. Охир он вақтҳо кам одамоне буданд, ки Румиро мехонданд ва Муқаддас аввалин шахсе буд, ки Румиро ёфт ва дар қолаби сурудаш  ба мардум расонид. Муқаддас  ҳамчуноне, ки дар  сурудҳояш худро ба ишқи пок мебахшид,  дар зиндагӣ низ ҳамчунон  худро ба дӯстону азизонаш бисёр содиқона  мебахшид.

-Аввалин сурудҳои Муқаддас ва нахустин қадамҳояш дар саҳна дар ёди шумо чӣ гуна нақш бастааст?

-Муқаддас ҳанӯз хеле хурдакак буд, ки суруд мехонду рақс мекард. Вай аз кӯдакӣ дунёи бисёр зебои эҷодкорона дошт. Ҳар лаҳза бозиҳои тоза ба тоза фикр карда, ҳамаи кӯдакони ҳамсояро дар атрофаш чамъ мекард. Ин хислати Муқаддас то нафаси охирин ӯро тарк накард. Вай то охири умр ҳар куҷое, ки мерафт, гули сари сабади маҳфил мешуд, чунки ниҳоят ширинзабону шӯх буд. Дар синфи чаҳорум мехонд, ки модарам ӯро ҳамроҳи хоҳари калониамон Майрам ба мактаб- интернати занона овард. Баъдҳо Муқаддас бо шавқ нақл мекард, ки боре дар як шабнишинии мактаб, ки ба рӯзи “Модар ” бахшида шуда буд, вай ҳамроҳи ҳамсинфаш Маҳбуба суруди «Алла»-ро аз кинофилми “Гуссаркая баллада” (ин сурудро дар филм ҳунарпеша Голубкина пеш аз ба муҳориба, қабл аз ба ҷанг рафтанаш мехонд) тайёр карда, сурудаанд. Аҳли толор аз баромади ӯ ба ҳаяҷон омада, бо кафкӯбиҳои бардавом аз саҳна гуселаш карданд. Гумон мекунам ин аввалин муваффақияти Муқаддас дар саҳна буд. Баъдтар  Муқаддасро тез- тез барои иштирок дар чорабиниҳо даъват мекарданд.

Ва ниҳоят соли 1970 ӯ дар озмуни “Бӯстон” соҳиби 10 бал гашту ба Оркестри эстрадии “Гулшан” ба кор даъват шуд. Рӯзе, ки ба “Гулшан” омад, ба гумонам яке аз хушбахттарин рӯзҳои ҳаёти Муқаддас буд.

Мегӯянд:- “Захмае бояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хоб”. Барои расидан ба қуллаи шуҳрат оё Муқаддас тақдирҷунбоне дошт?

-На, тақдирҷунбони Муқаддас танҳо истеъдоди волои худодод, лаҳни ширин ва ҷустуҷӯву заҳмати беинтиҳояш буд. Вай ниҳоят зиёд кор мекард. Як оҳангу як таронаро даҳҳо бор такмил медод. Танбалию  сохтакориро хеле бад медид. Муқаддас доим мегуфт, ки инсон бояд аз худ эъҷозҳои зебову нотакрорро мерос гузорад. Ва худаш ҳам, мисли як афсонаи зебо яктову нотакрор монд.

-Дар ҷодаи эҷод барои Муқаддас чӣ монеаҳое пеш меомаданд?

-Албатта роҳи эҷодии Муқаддас  на ҳамеша тахту ҳамвор буд. Монеаҳои зиёди сунъие тез- тез пайдо мешуданд, вале Муқаддас, ки худ шахси хеле мубориз буд, руҳафтода намешуд, баръакс, ҳар як монеасозӣ ӯро ба сӯйи талошҳову ҷустуҷӯиҳои нав равона мекард.

-Ҳамрози Муқаддас дар зиндагӣ кӣ буд?

-Пеш аз ҳама модарам. Вай ҳама рози дилашро ба модарам мегуфт. Ман чунин наздикии қалби модару духтарро дигар қариб, ки вонахӯрдаам.

Муқаддас ниҳоят одами зудбовар буд. Борҳо аз ин зудбоварияш шикаст хӯрда бошад ҳам, боз ба одамон бовар мекард. Шояд барои ҳамин хислаташ рафиқонаш ҳеҷ гоҳ аз ӯ дур намешуданд.  Муқаддас  дили соддаи бахшоянда дошт.

-Ситора будан худ бахт аст, вале оё Муқаддас ҳамчун инсон худро хушбахт меҳисобид?

-Муқаддас дӯстони зиёд дошта бошад ҳам, дар дунёи худ танҳо буд. Бо муҳаббату орзуҳои ширин оиладор шуд, вале...

Шавҳари Муқаддас инсони хуб буд, аммо мехост, ки Муқаддас зани маъмулии хона бошад. Ин талабот албатта ба миҷози муборизу пуршӯри зани чун Муқаддас қобили қабул нашуд. Ва онҳо бе ягон ҳарфи зиёду дағал аз ҳам ҷудо шуданд. Муқаддас бахти худро дар тавлиди писараш Баҳодур дарёфта буд. Боли дигари мурғи бахти Муқаддас таронаҳои зебову нотакрораш буданд.

-Чаро писари Муқаддас думболи ҳунари модар нарафт?

-Писари Муқаддас- Баҳодурҷон Набиев, думболи ҳунари модар рафтааст, аммо аз даричаи дигар. ӯ ҳунарманд (актёр) аст ва ҳунарманди хубе ҳам ҳаст. Айни ҳол дар театри Аҳорун фаъолият дорад. Баҳодур духтарчаашро ба ёди модар Муқаддас номидаасту орзу дорад, ки ӯ низ рӯзе чун овозхон рӯи саҳна омада, орзуҳои бибии нокомашро амалӣ мекунад.

 

Лабханди нур

Маёро базм дар соҳил, ки он ҷо

Навои зиндагонӣ нармхез аст.

Ба дарё афту бо мавҷаш даромез.

Ҳаёти ҷовидон, андар ситез аст.

(Иқбол)

Муқаддас шабеҳи дарё буд. Дарёи пуртуғёну саркаш, ки ҳар лаҳза худро ба соҳил зада, маҷрои тоза меҷӯяд. Агарчи гирдоби зиндагӣ ӯро ба коми худ кашид, вале руҳи ҷӯяндагӣ ва талошу мубориза, ки аз умқи ҳар таронаи Муқаддас метаровад,  даҳҳо ҷавонони дигарро раҳҷӯйи кӯйи умед кардаасту хоҳад кард.

Муқаддас ошиқ буд, ошиқи аспи сафеди орзу. Ва ҳамин аспи сафед ӯро ба баландиҳо расонид. Ҳамин аспи сафеди афсонавию болдор ӯро ба каҳкашони ҳунар бурда ситора кард.

Агарчӣ ҳамин аспи сафед ӯро бебозгашт аз мо рабуд, вале то ҳанӯз нури ин ситораи тобнок дунёи моро рӯшан мекунад.

Ва тавре, ки ҳунарманди шуҳратёр Фаррух Қосимов мегӯяд:- Муқаддас- оташи Муқаддас аст. Он оташи Муқаддаси Зардушт, ки то имрӯз дилу дидаи моро гарму мунаввар мекунад.

Ва ба қавли Хоҷа Ҳофиз:

Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинда буд ба ишқ,

Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.

Addthis: 
Автор: 
Фирӯза Сатторӣ

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>