Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Парчам

$
0
0

(лавҳа)

Ҳавои Душанбе каме дар ғазаб буд. Шамоли тезутунде мевазид. Ман аз кор баромада ҷониби кӯчаи марказии  шаҳр рафтанӣ шудам. Ба мусофиркаш нишастан замон аз радио сюжете пахш мешуд. Ровӣ бо тамоми овоз гапҳои такрору сенарияи чандсолаашро мехонд…

«Парчам, рамзи давлатдорӣ, нишонаи саодату сарбаландӣ»

Ронанда гӯшии радиоро тоб дод. Дар радиои дигар:

«Парчами мо аз замони Коваи оҳангар мерос мондааст… Кова пешбанди чармиашро кушода ба найза баста бар зидди Заҳҳоки морон ҳуҷум кардааст»

Радиои дигар:

«Парчам се ранг дорад. Матои росткунҷаест….»

Ронанда дар ғазаб шуд. Радиоро хомӯш карда гуфт: Бист сол боз гапашон фаҚат ҳамин «матои чоркучаест, Кова парчам сохт, аммо ягон кас маънии асосии Парчамро намегӯяд!»

Касе ба ронанда чизе нагуфт…

ВоҚеан мо наметавонем бо ҳар сол такрор кардани як сенария дар телевизиону радио моҳияти ҷашнҳоро нишон диҳем. Мутаассифона телевизиону радиои мо дар ҳама ҷашнҳо ҳамасола як гапро такрор ба такрор гуфта, онҳоро длбазан мекунанд…

Мошини мо аз болои дарёи Душанбе гузашт. Қариб ба «Боғи Парчам» наздик мешудем. Парчами рекордии мо алвонҷ мехӯрд. Дар курсии Қафои мошин як зан бо ду духтарчааш менишастанд. Яке аз он духтарчаҳо баробари дидани Парчам, гӯё шукуфт. Хурсанд сӯйи модараш нидо кард:

-Очааааа… Парчами Тоҷикистон…

Духтарчаи дуввумӣ низ даррав ба Парчам нигоҳ карду бо эҳсоси аҷибе хонд:

Парчами Точикистон

Се ранг карда дар бар

Як мисраъашро фаромӯш кардам аммо аник охираш «гулҳои ҳафт ахтар» дошт…

Ду ҷавоне, ки дар нишастгоҳи пеши мошин менишастанд, даррав телефонашонро бароварда Парчамро акс бардоштанд…

Мошини мо аз «Боғи Парчам» гузашт. Мо аз Парчам дур мешудем, аммо он ду духтарча зӯр зада ба Қафо нигоҳ мекарданд ва алвонҷхӯрии парчамро нигоҳ мекарданд…

Ман меандешам. Шояд Парчам барои мо як дастоварди сиёсӣ шудаву моҳияти миллӣ ва фарҳангиашро гум кардааст. Мо ба Парчам чун як моли сиёсӣ нигоҳ мекунем ва одат ҳам кардаем аммо ин ду духтарча маро водор карданд, ки ман ба Парчам нигоҳам дигар шавад. Шумо чӣ?

Одили НОЗИР

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>