
Мақомоти 16 иёлоти Амрико эълон кардаанд, ки ба далели нигарониҳои амнияти дигар наметавонанд муҳоҷирони Суриягиро қубул кунанд.
Ба гузориши расонаҳо ин тасмими қатъии мақомоти иёлатҳо то замоне, ки бозрасӣ ва рафъи таҳдидҳои амниятӣ идома пайдо хоҳад кард. Як мақоми вазорати умури хориҷаи Амрико ба расонаҳо гуфтааст, ки ҳанӯз маълум нашудааст, ки ин тасмими иёлатҳо қонунӣ ҳаст ва ё на.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш шаҳри Парижи Фаронса мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Баъди чанд лаҳза гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифт. Дар робита ба ташкили ин ҳамлаҳо беша аз 11 нафар гумонбарон боздошт шудаанд.
Addthis: