Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Амрико дар Туркманистон пойгоҳи низомӣ намесозад

$
0
0

Аллан Мастард, сафири Амрико дар Туркманистон эҷоди пойгоҳи низомӣ дар хоки ин кишварро рад кард.  

Ба иттилои Ка-Ниюз, сафири Амрико дар Туркманистон гуфт: "Дар шароите, ки  теъдоди сарбозонамро дар Афғонистон коҳиш медиҳем, афзоиши нерӯҳои низомии мо дар кишварҳои ҳамсоя ғайримантиқӣ аст".

Мастард бо эъломи ҳимояти Амрико аз сохти хати лулаи гази Транс-Хазар афзуд: "Мо аз иҷрои ин тарҳ барои интиқоли гази Туркманистон аз бистари дарёи Хазар ба ҷумҳурии Озарбойҷон ҳимоят мекунем ва бар ин боварем, ки бо вуҷуди тамоми мушкилот дар ҳавзаи дарёи Хазар ин тарҳ иҷро хоҳад шуд".

Хати лулаи Транс-Хазар, ки аз сентябри 2011 ба пуштвонаи Иттиҳодияи Урупо ва Амрико тарроҳӣ ва иҷро шуда, дар марҳалаи иҷро бо мухолифати Эрон ва Русия рӯ ба рӯ шудааст, аз ин рӯ иҷрои он ба кундӣ пеш меравад.

Урупо қасд дорад, бо интиқоли гази Туркманистон аз бистари дарёи Хазар ба ҷумҳурии Озарбойҷон ва сипас Урупо, бахше аз манобеи гази мавриди ниёзи худро таъмин кунад.

Сафири Амрико дар Туркманистон ҳамчунин дар мавриди ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодии Туркманистон ва Амрико афзуд: Кишвараш аз иҷрои тарҳи ТАПИ барои интиқоли гази Туркманистон аз Афғонистон ба Покистон ва Ҳиндустон пуштибонӣ мекунад.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>