
Рауф Мазбутов, як сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми шудгори замини боғаш кўзаеро пайдо кардааст, ки дар дохилаш ҷасад доштааст.
Эгам Ҳоҷиев, раиси деҳаи Сандағундаки шаҳри Истаравшангуфтааст, ки 12-уми ноябри соли равон дар боғи Мазбутов Рауф, сокини ҳамин деҳа кўзае пайдо шудааст, ки дохилаш ҷасад будааст: «Мо ба осорхонаи вилояти Суғд доир ба бозёфти мазкур рўзи 14-уми ноябр тариқи телефон муроҷиат намудем ва онҳо гуфтанд, ки рўзи душанбе ба деҳаи мо меоянд».
Рауф Мазбутов, бошандаи 44-солаи ҳамин деҳа тасдиқ намудааст. ки 12-уми ноябр, тахминан соати 12:30 дақиқа ҳангоми шудгори замини боғ бели ў ба як чизи сахте расидааст: « Баъдан, пораи кўзаеро пайдо кардам ва шавқманд шуда, ба кофтан сар кардам, ки як хуми калон баромад. Сипас, онро тоза карда, аз дохилаш скелети одамро пайдо кардам. Аввал, косахонаи сар ва баъдан, қисмҳои дигари устухонро ёфтам».
Кўза шикастагӣ нест, танҳо надониста ба қисми болии он осеб расондааст. Ин сокини Истаравшан илова намуд, ки заминашро тақрибан 15 сол пеш гирифтааст ва аз рўйи гуфтаи солхӯрдаҳо, дар ин майдон 100 - 200 соли ахир қабристоне набудааст.
Акрамҷон Табуров – омўзгори фанни таърихи мактаби №17-и деҳаи Сандағундак, дар робита ба ин бозёфт мегӯяд: «Ин албатта тадқиқотро талаб мекунад. Ин бозёфте, ки ҳоло мо шоҳид гаштем, ҷасад дар дохили кўзае, ки ҳаҷман калон асту тахминан зиёда аз 1 метр баландӣ дорад, тибқи расму русуми дини Ислом тамоман қобили қабул нест».
Табуров мегӯяд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин бозёфт аз тамаддуни исломӣ пештар буда, шояд ба асрҳои IV-V пеш аз милод ва ё аз он ҳам пештар тааллуқ дорад: “Чун кўзае, ки мо имрўз дар ин ҷо дидем, комилан тарзи кўзасозӣ ва зарфсозии асрҳои пеш аз исломиро ба мо нишон медиҳад ва албатта, инро агар олимон тадқиқ кунанд, мумкин як бозёфти аҷоиби илмӣ дар Тоҷикистони мо шавад”.