Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ашки талхи ситораи ҳунар ё чаро Гугуш 4 шавҳар кард

$
0
0

Тавалуд:

Шаҳри Теҳрон. Маҳаллаи Саричашма. 5 майи соли 1950.   

«Оҳ, оҳ, оҳ мемирам, Худоҷон мадад кун!» ҷавонзани зебои тиллококул рўйи бистар аз дарди ҷонкоҳ печутоб хўрда, оҳу нолаи ҷонкоҳ мекашид. Чеҳраи ҷавонзан ранги арғувонӣ гирифта, арақ аз сару рўяш мешорид. Аз шиддати дард лабҳои ақиқмонандашро газида хуншор мекард.

-Тоқат кун духтарам Насрин, боз ками дигар тоқат кун, иншооллоҳ Худованд мушкилатро осон мекунад,-арақи мисли донаҳои марворид дар пешонаи васеи ҷавонзан дурахшонро маҳин-маҳин поккунон насиҳат мекард момодоя, вале ин лаҳза ба гўши зоянда на овози гулбул мефориду на панду андарзи кампир. Вай ҳамоно печутоб мехўрд ва ҳар дам оҳу воҳкунон «Вой очаҷон, мемирам» гўён, паст-паст нолиш мекард. Ниҳоят садои гиряи тифлак мисли зангўлаи умед баланд шуд ва ҷавонзан оҳи  сабуке кашида, чашмонашро беҳолона пўшид.

-Оҳо, аҷаб шоҳбонуи зебое! Духтари нозанин муборак шавад, духтарам!-Садои нишотангези момодоя модари ҷавонро ба худ овард ва Насрин чашмони шаҳлояшро боз карда бо меҳр сўйи тифлаки зебо, ки дасту по зада, пистони модар меҷуст, назар андохт.

-Дар умри беш аз шастсолаам чунин тифли зеборо бори аввал мебинам. Худованд духтари нозанинатро аз чашми бад нигоҳбон бошад,-момодоя инро гуфту тифлаки урёнро болои синаи Насрин гузошт. Табассум дар лабони ҷавонзан гул кард. Бо дидани тифл ҳама дарду ранҷаш якбора фаромўш гашт, гўё на Насрин, балки каси дигар ҳамин чанд лаҳза пеш фиғону нола дошт.  

-Собир, писарам, шодиёна деҳ,-ба пешвози падари ҷавон баромада, нидо кард момодоя.

Собир даст ба ҷайбаш бурд, то барои кампир шодиёна диҳад. Момодоя пайсаи бо табассум сўяш дарозкардаи Собир Атешинро аз дасташ гирифта, ҳайратомез гуфт:

-Чаро намепурси, ки ҷав аст ё гандум?

-Шери мода беҳ аз гови нар, -посух дод падари ҷавон ва барои вуруд назди зану фарзандаш иҷоза хост.

Ситорача

Солҳо турнасон мегузаштанд ва «модашери нозанин»-и Насрину Собир-Фаига торафт калонтару зеботару боақлтару ҳунармандтар мегашт. Фаига чунон тифли ҳушманду хушзавқ буд, ки ҳар як таронаи нави Собирро дар чанд лаҳза азбар менамуд ва далерона ҳамроҳи падар ба саҳна мебаромад. Мардум ин ситораи кўчакро чунон дўст медоштанд, ки гоҳи ба саҳна баромаданаш аз садои қасракзаниву таҳсину офарини мухлисон толор меларзид. Насрин, ки сарнавишти ҳунармандон барояш аз хурдӣ ошно буд, намехост ҷилои саҳна ба ҳаёти минбаъдаи духтараш соя афканад ва монеи хушбахтиаш гардад, зеро хуб медонист, ки паси ин ҳама шукўҳу шаҳомат зани ҳунармандро танҳоӣ домангир хоҳад гашт.

-Собир, шояд дигар Фаигаро ба саҳна намебарорӣ, то ба ҳунар сахт дил  набандад, охир барои духтар сароянда шудан корест басо дандоншикан.  Магар беҳтар нест, ки духтур шавад ва як зиндагии ором бисозад,-баҳс мекард Насрин бо шавҳараш, вале Собири ҳунарманд аллакай истеъдоди бузурги дар ниҳоди Фаига ниҳонро дарк карда буд ва мехост бо ҳар қиммате, ки набошад, ситораи духтараш дар осмони ҳунар дурахшад. Ситораи кўчак, вале басо чолоку боистеъдод Фаига Атешин аз назари синамогарон низ пинҳон намонд. Акнун духтаракро машҳуртарин кинорежессёрҳои эронию фаронсавию итолиёвӣ ба филмҳояшон даъват мекарданд ва шўҳрати Фаига Атешин торафт афзуда, ин ситорачаи дурахшонро натанҳо дар Эрон, балки дар Аврупо низ мешинохтанд.

Фаига ё Гугуш?

Соли 1971 Фаига Атешин дар фестивали байналмиллалии таронаҳои эстради дар Канна ду суруди фаронсавӣ хонда, сазовори шоҳҷоиза гашт ва беҳтарин сарояндаи содониста шуд. Дар ҳамин фестивал вай ба худ тахаллуси Гугушро гирифт. Шўҳрати Гугуш пас аз ин фестивал то ҷое баландпарвоз гашт, ки мухлисон аз Амрикову Фаронса, Итолиёву Олмону Ҷопон ба суроғаш меомаданд. Хонаи Гугуш ба зиёратгоҳи ошиқон табдил ёфта буд ва ҳар субҳ деворҳои манзилаш аз нақши бўсаҳо гулкорӣ мешуд. Аксҳои хандони Гугуш аз тамоми гўшаю канори шаҳр сўйи мардум табассум намуда, ханҷари миҷгони ошиқкуш ва чашмони фаттонаш ҳамарўза синаи миллионҳо ҷавонмардонро мешикофт. Миёни ошиқонаш шоҳзода ҳам буду гадо ҳам, инженеру духтуру аробакаши бозор ҳам, аммо зебосанамро парвои ин дилҳои пурормон набуд. Дастбагиребон мешуданд ҷавонмардон барои Гугуш ва мисли як гала гургони маст сару рўйи ҳамдигарро хуншор мекарданд. Рўзномаҳо қариб ҳар ҳафта дар бораи ишқбозиҳои Гугуш ягон ҳангома мебофтанд. Шумори номаҳои ошиқона ба чанд миллион расида бошад ҳам, Гугуш муҳаббати касеро қабул намекард, зеро ҳамеша саргарми эҷод буд ва шаҳр ба шаҳру қитъа ба қитъа гашта, баҳри мухлисонаш консерт медод.

Ишқ ва арўсӣ

Хабари арўсии Гугуш натанҳо дар Эрон, балки дар саросари олам ҳангома барпо кард. Бархе аз ошиқони ноком мотам гирифтанд, иддае раги дасту пойҳояшонро бурида, қасди худкушӣ намуданд, бархе бо ситезаи ҳасадолуда мегуфтанд: «Гугуши нозанин дар ҳамин ҷавони баднамуд чӣ ёфта бошад?»

Гугуш ба ин ҳама сару садоҳо бепарво, аз он ки ниҳоят марди ҳамдилеро дарёфт, меболид. Шавҳараш Санҷар ба ҳунарнамоӣ кардани вай дар саҳна зид набуд ва барои ҳамин «олиҳимматиаш» Гугуш ўро бештар аз ҷон дўст медошт. Ангуштарини никоҳӣ дар ангушти парии орзуҳо ҷило дода, аз побанди ишқ будани дили Гугуш гувоҳӣ медод, вале ошиқони «хира» ҳамоно дар ҳар барномаи консертӣ сўяш пайваста бўсаҳои ҳавоӣ мефиристоданд ва зери қадамашро гулкорӣ мекарданд. Толор аз садои лабрези муҳаббати ошиқон қариб метаркид: «Гугуш! Гугуш! Гугуш!!!» 

Санҷар аввалҳо ифтихор мекард, ки фариштаи орзуҳои миллионҳо- миллион ҷавонмардон маҳс насиби ў гаштааст, аммо баъд кирми рашк оҳиста-оҳиста дар мағзаш ҷо шуда, вуҷудашро аз дарун мехўрдагӣ шуд. Акнун вай бо ҳар баҳона ҳамсари нозанинашро озор медод, суханҳои қабеҳ мегуфт ва ҳатто ба сараш мушт мебардошт. Гугуш нақшҳои сиёҳу кабуди аз зарби мушту лагади шавҳари бадрашк дар поёни чашму абрувонаш ёдгорӣ мондаро бо малҳамҳои гаронбаҳои хориҷӣ пинҳон намуда ба саҳна мебаромад ва ғам дар дил таронаи шодӣ месуруд, то мухлисонашро шод созад.        

Умедҳои барбодрафта

Рашк Санҷарро торафт девонатар мекард ва акнун шавҳари аламзадаи ситораи дурахшонтарини эстрада ва кинои Эрон Гугуш қасдашро аз маю шароб ва хонумбозӣ мегирифт. Ҷигархун буд ҷавонзан аз шунидани ҳангомаву достонҳои ошиқонаи шавҳари хиёнаткораш, вале лаб зери дандон гирифта, худро нодидаю ношунида вонамуд мекард. Гўшашро ба карию чашмашро ба кўрӣ зада, бо умед тифли ишқашро дар батнаш мепарварид, ки шояд баъди тавлиди фарзанд ақли шавҳараш ба сараш мезанад, вале…

Ба дунё омадани писараш Камбиз Санҷарро як муддат ба зану фарзанд меҳрубон гардонда бошад ҳам, натавонист киштии бахти оилавиро аз туфони рашк ва шикасти ногузир раҳоӣ бубахшад.

Хиёнат

Шавҳари Гугуш пас аз як сол боз ҳамон роҳи пешинро пеша кард ва ҷойи дўстдоштааш казиною шаробхонаҳои машҳури шаҳр гашт. Зебосанам ҳамоно ба кирдорҳои нотатлуби шавҳар чашм мепўшид ва умед дошт, ки ин ҳама меҳрварзиҳои Санҷар сарсарию даргузаранд, аммо…

Як шаби наҳс Гугуш аз сафари хориҷӣ баргашта дар хонаи худаш, дар рўйи бистари поки никоҳӣ Санҷари азизашро бо як гусубурида ҳамоғуш дарёфту фиғонаш синаи фалакро шикофт. Ошиқонро фарёди талхи ситораи фиребхўрда аз хоби ноз бедор кард. Санҷар ҳамсари овозадору нозанинашро дар болои сараш дида, шарм надошт, узр напурсид, баракс масали «забони ғарру дузд дароз»-ро шиор намуда, даъво кард:

-Чаро нолаю фиғон мекунӣ ва аз худат фариштаи ҷафодида метарошӣ?! Ба ҳамааш ту гунаҳкорӣ! Ту гунаҳкорӣ! Гумон мекунӣ таҳаммул кардани ин ҳама гулу гулдастаю пайғому дуруди ошиқони беқарори ту бароям осон буд?! На, безор шудам, безор! Дигар наметавонам бо чунин зиндагӣ созиш бикунам! Ман зан мехоҳам, на ситора! Зане, ки танҳо оғўши маро гарм созад ва чашмаш ба ҷуз ман касеро набинад…

Сухани нешдори шавҳар рўйи оташи фурўзони гулхани ғазабаш равған рехт ва Гугуши табиатан ором, дар ҳоле, ки тамоми вуҷудаш меларзид бо тамоми овоз фарёд зад:

-Ту бо ин ҳарфат чӣ гуфтан мехоҳӣ?

Ҷарангосзанон ба чор тараф пош хўрдани пораҳои гулдони булўрини гаронбаҳо, ки Гугуш аз ғазаб ба девор зада шикаст, дили сукути тираро бераҳмона дарид.    

-Гумон мекунӣ ба покдомонии ту бовар дорам?! Ман чандон гӯлу гаранг нестам шоҳбонуи оламсўз, ки ба афсонаҳои кўдакфиреб бовар кунам. Худо медонад, ки ҳоло аз оғўши кадомин ғул баромада омадӣ,-заҳр зад Санҷар.  

Ин охирин қатрае буд, ки рўйи косаи лабрезгаштаи сабри зан чакид. Гугуш ашки чашмонашро бо нўги ангуштони шабеҳи ангушти фаришта зебояш пок намуд, сипас писараки масти хобаш Камбизро рўйи даст бардошта, ҷониби дар равон шуд. Дар баромадгоҳ лаҳзае бозистод ва чанд пораи гулдони шикастаро аз замин бардошта дар кафи дасташ фишурду  ҷониби шавҳари хиёнаткораш Санҷар нигоҳи нафратборе афканда гуфт:

-Фардо барои гирифтани хати талоқ ба додгоҳ меравем!

Санҷар акнун хатояшро дарк намуд ва дартоз худро пеши пойи Гугуш афканда, зонувони ҳамсарашро ба оғўш гирифт ва бо садои шабеҳ ба овози ларзони гурбаи шаттахўрда зорӣ кард:

-Маро бубахш, азизам! Маро бубахш! Рашк чашми ақламро кўр карда, маро ба ин гирдоби хиёнат кашид…

-Маро раҳо кун, дигар бо ҳам будани ману ту маънӣ надорад Санҷар! Шишаи бишкастаро наметавон дубора пайванд кард,-Гугуш инро гуфту кафи дасти хуншоргаштаашро боз намуда, шикастапораҳои булўрро дубора рўйи фарш рехт,  силтав зада, домонашро аз чанги шавҳар раҳо кард ва аз даргоҳи ишқу ормону бахташ бо дили хунбор бадар шуд. 

Аз кафи аз захми шишапора озорёфтааш қатра-қатра хун мечакид, аммо Гугуши хиёнатдидаю бахтшикаста аз сўзи дил сўзиши дасти захминашро эҳсос намекард.   

Бахти шикаста

Пас аз Санҷар Гугуш боз се маротибаи дигар шавҳар кард, вале рўйи бахти ҳақиқиро надид. Худованд ба ў ҳама чизро дод-ҳусне, ки рашки париёнро меорад, пулу мол, давлату савлат, шўҳрати оламгир, аммо аз беҳтарин неъмат-бахт маҳрумаш намуд. 4 маротиба шавҳар карда бошад ҳам, ишқи поку самимиро пайдо карда натавонист. Вассофи нотакрори ишқу муҳаббати пок, хонум Гугуш худ аз муҳаббат бенасиб дар танҳоӣ ашки талх мерехт, вале ноларо дар сина пинҳон карда, бедардона месуруд, то ошиқонро умед бубашхад.

Кабки қафас

Ранҷҳои бешумореро дар зиндагӣ паси сар намудааст ин зани наҷиб. Инқилоби исломӣ дар Эрон беш аз 20 сол Гугушро зери ҳиҷоб кашида, аз саҳна маҳрум намуд, вале натавонист меҳру муҳаббати ӯро аз дили мардум зудуда созад. Соли 2000-ум ин кабки дарӣ аз қафас раҳоӣ ёфта ба шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико рахти сафар баст ва хуршеди шўҳраташ дубора тулўъ намуд. Соли 2002 таронаи «Ғариби ошно»-и Гугуш аз ҷониби ВВС беҳтарин суруди Шарқ эътироф гашт.    

Имрўз синни Гугуш ба 65 дакка мехўрад, вале ҳамоно мисли пешин зебо, дилҷў ва фариштаи орзуҳои миллионҳо ошиқони савту навост.  

Вассофи ишқ аст Гугуш, ишқ бошад, пирӣ ва фарҷом надорад….

Addthis: 
Автор: 
Фирӯза Сатторӣ

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>