Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба вазорат даъват карда, гуфтааст, ҳодисаи куштори Шоира аз ҷониби афсари пойгоҳи низомии Русия воқеъбинона таҳқиқ шавад.
Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Аслов ба сафири Русия ёдошти супоридааст, ки дар он гуфта мешавад, руй додани чунин ҳодиса ба руҳияи дустии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ байни ду кишвар ҷавобгӯ намебошад: «Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».
Ёдовар мешавем, ки Иван Шербаков, афсари низомии пойгоҳи низомии 201 аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон ба иттиҳоми куштори Шоира Ҷаббороваи 22-сола боздошт шудааст.Ба иттилоъи манобеъ, ин афсари пойгоҳи низомии Русия рӯзи 9 ноябр аз суйи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шуда, бар алайҳаш ба иттиҳоми куштор парванда боз шудааст. Бояд гуфт ин афсар баъди бадрафторӣ бо Шоира Ҷабборова ӯро кушта ва ҷасадашро ба дохили қути ахлот партофтааст.
Ҳодисаи содир намудани ҷиноят аз ҷониби сарбозони Двизияи 201 бори нахуст нест. Дар тобистони соли ҷорӣ як гурӯҳ афсарони ин пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Кулоб бо ҷавонони ин шаҳр муноқиша намуда буданд, ки нисбати онон низ парвандаи тафтишотӣ боз шуда буд.