Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Моҳи шайтонӣ

$
0
0

 Охири моҳи шайтонии октябр борон борид, борони сахт…

Ҳоло ибтидои ноябр аст, аммо борон ҳанӯз ҳам шиддат дорад…

Бибии қариб навадсолаи ман, ки инқилоби ленинӣ, репрессияи сталинӣ, умедвории маленковӣ, инкору бозсозичаи хрушёвӣ, биҳишти брежновӣ, системасозии андроповӣ, ҳамту омадану ҳамту рафтани мӯйсафед Черненко, фурӯхта шудану барҳамдоданҳои шоҳи холдор  Миша Горбач, истиқлоли туҳфашуда, суррондани коммунистон, дӯғу дағдағаи мулло ва муллосолорӣ, боевиксолориву ҳукуматсозӣ ва оромиву суботи имрӯзиро дидааст, агар рӯзи марги ягон одами калонсол, каме борон резад, мегӯяд борони раҳмат. Агар рӯзи марги ягон кӯдак ё ҷавон борон борад, мегӯяд осмон ба ҳоли ғуррамарг гирист…

Аммо моҳи шайтонии октябр моҳе буд, ки бояд замину замон бигиряд, осмон бигиряд…

Ва воқеан ҳам мегиряд…

Ин борон, ашки шашқатори осмонҳо ба ҳоли замини бенизом аст, ба ҳоли сайёраи беинтизом…

Низоми замин вайрон шуда…

Зимоми идораи дунё дар дасти Шайтон… Сатана… Аҳриман…

Инсонҳо аз ҳад гузарониданд.

Ибтидои моҳ кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро дар Русия ваҳшиёна  куштанд. Дар Санкт –Петербург, гавҳораи тамаддуни рус. Дар шаҳре, ки дар бораи он адибони тоҷик асарҳо навиштаанд, мардумашро бомаданияттарин мардуми дунё хондаанд. Дар гаҳвораи маданият тифлро куштанд. Магар гаҳвора тифлро мекушад? Пас магар Петербургро метавон гаҳвора гуфт?

Борон меборад. Борони бошиддат, садои қаҳ-қаҳи Умаралӣ аз осмонҳо бо садои шиддати борон омехта мешавад. Ин садои даҳшатнок аст. Мо одат кардаем, ки садои кӯдак хурсандамон  кунад, аммо садои Умаралӣ, ки имрӯзҳо меояд, маро дар ваҳшат андохта. Сарамро андаруни болишт зер мекунам, боз садои Умаралӣ… Садои Олони суриягӣ, ки аз дасти мусалмонон кушта шуд… Садои садҳо кӯдаке, ки дар давлатҳои исломӣ гуруснаанд…Садҳо кӯдаке, ки ғарқ шуданд… Ҳазорон  кӯдаке, ки барои фирор аз замини араб, аз гаҳвораи дини ислом, ба замини Аврупо ба гавҳораи дини насронӣ мегурезанд… Ҳазорон кӯдаке, ки дар  вақти ин гурезогурез  дар баҳр ғарқ шуданд…

Об, обе, ки рисолаташ ҳаётбахшист, онҳоро фурӯ бурд…

Дин, дине, ки рисолаташ иттиҳод аст, рисолаташ ба ҳам орист, онҳоро пароканда кард.

Онҳо дар замини худ, он ҷое, ки ҷаддашон мезист, замине, ки рисолаташ серкунист, гуруснаанд.

Борон бошиддат меборад. Моҳи ноябр аст, аммо борон асари моҳи шайтонии октябр. Моҳе, ки ба таърих ҷуз дард, ҷуз андуҳ чизе надод.

Ин моҳ кӯдакон зиёд мурданд, зиёд онҳоро кушанд…

Дар ин моҳ гурезагони давлатҳои исломӣ ба сӯйи Аврупо, даҳчанд афзуд.

Ин моҳ шумораи ғарқшудагон аз гузаштамоҳҳо зиёдтар  буд.

Ин моҳ, моҳе буд, ки маргу мир аз ҳад гузашт… Маргу мир не, куштор.

8 октябр дар Санкт- Петербург дар натиҷаи як амалиёти террористӣ 8 нафар ҳалок, 10 нафар захмӣ шуданд.

10 октябр дар теракти Туркия 30 нафар мурданд, 126 захмӣ…

11 октябр амалиёти террористӣ дар Исроил.

28 октябр боз дар Туркия теракт шуд, ки 102 нафар фавтид ва 500 нафар захмӣ шуданд, ки онро бузургтарин теракт дар Туркия гуфтанд.

30 -юми октябр тайёраи русҳо дар Миср суқут кард, ки 224 нафар фавтиданд, ки миёнашон боз 17 нафар кӯдакон  буд… Агар ҳамаи маргҳои бо зӯриро гӯем, ин сафҳа ва боз чанд сафҳа пур мешавад. Ин моҳ моҳи кӯдакмӯрӣ буд…

Борон меборад.

Садои Олон, садои Умаралӣ, садои Дарина…

         Бибии қариб навадсолаи ман, ки инқилоби ленинӣ, репресияи сталинӣ, умедвории маленковӣ, инкору бозсозичаи хрушёвӣ, биҳишти брежновӣ, системасозии андроповӣ, ҳамту омадану ҳамту рафтани мӯйсафед Черненко, фурӯхта шудану барҳамдодани Миша Горбач, истиқлоли туҳфашуда, суррондани коммунистон, дӯғу дағдағаи мулло ва муллосолорӣ, боевиксолориву  ҳукуматсозӣ ва оромиву суботи имрӯзиро дидааст, мегӯяд: «Моҳро шайтонӣ нагӯ, ҳамаи моҳу рӯзҳо аз они Худост!»

Аммо ман моҳи октябрро моҳи Худоӣ не моҳи Шайтонӣ буд мегӯям. Моҳе буд, ки Шайтон зимоми идораи заминро ба даст гирифт.

Мусалмонон бояд, дуо кунанд…

Насрониҳо салиб кашанд…

Зардуштиҳо гирди оташ гарданд…

Бутпарастон қурбонӣ кунанд…

Материалистҳо, далели илмӣ оранд.

Бо ягон восита  бояд моҳи шайтониро фаромӯш кард…

Борон бошиддат меборад..

Боз садои Олон, садои Умаралӣ, садои Дарина…

 

Одили Нозир

«Тоҷикистон»

 

P.S. Дирӯз як рӯзноманигор  шиква кард, ки мо фақат негатив менависем ва навиштаҳоямон сиёҳ аст ва пешниҳод кардаанд, ки як саҳифа саҳифаи сафед нависем. Магар метавон моҳи сиёҳро сафед навишт?! 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>