Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Хайринисо Юсуфӣ: Лидер шудан ҳунари ҳар зан нест

$
0
0

Тақдир ба миллати тоҷик дар қатори абармардони хирадмандаш занони оқилаву порсоеро низ ҳадя намудааст, ки достони зиндаанд ва бе ягон муњобот номи Хайринисо Юсуфӣ дар сархати ин духтарони содиқи Ватан қарор дорад. Аз ин рў дар мавзуи зан ва сиёсат бо ин бонуи муваффақ суӯҳаби ҷолиберо анҷом додем.

-Хайриниссо Юсуфовна, зан ва сиёсат, то куљо ин ду мафњум бо њамдигар тавъаманд?

-Аслан њар инсон, ки дар љомеа зиндагї мекунад ва бо иљтимо робита дорад, соњиби сиёсати ботинии худ аст. Зан низ њамеша ба тариќи хос соњибсиёсат аст. Аз оѓоз дар љомеаи инсонї занњое буданд, ки доди сиёсатро медоданд ва бо раъият бисёр одилона њукмварї мекарданд. Зане, ки нерўву иќтидори роњбарї, сиёсатварї дорад, шоиста аст, ки кори масъулеро ба манофеи љомеа ўњда кунад.

-Муњаммад Њиљозї, файласуфи эронї мегўяд: «Ваќте, ки як писарро тарбия мекунед, танњо як мардро ба камол мерасонед, вале ваќте духтарро тарбия мекунед, масъулияти тарбияи миллатро бар дўш доред». Солњои охир дар боби баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа ва тарбияи бонувони роњбар зиёд њарф мезананд. Назари шуморо ба ин мсъала донистан мехостем: оё њар зан метавонад лидер шавад?

-Мутафаккири бузург ва равоншиноси оламгир, Аллома Муњаммад Њиљозї бисёр барњаќ дар мавриди тарбияти инсон андешањои худро пеш овардаанд. Њаќиќати бешак ин аст, ки модар чун нуктаи паргор аст, ки фарзандон ўро њалќабанд мекунанд. Модар нуќтаи мадори дунёст ва њастиаш дар решаву бунёду фитрату маърифати љомеа таъсир мегузорад. Аз ин рў, барои тарбияти духтарон бояд барномаи хоси равонї тањия шавад. Ҳар зан лидер ва роњбар шуда наметавонад, зеро душвортарин шева дар дунё ин шеваи муносибат бо мардум аст.

-Њанўз Наполеон қоил шуда буд, ки дар паси комёбињои њар марди бузург сояи нањифи зани оќилу хирадманде нињон аст. Магар зани тољик метавонад дар сарнавишти миллат чунин наќшро бибозад?

-Бешак, метавонад! Мисраҳои ҷовидонии устод Лоиќ низ уханњои њакимонаи Наполеонро тасдиќ кардаанд:

Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,

Њар куљо марди бузургест, гирифтори зан аст.

-Ба Хайринисо Юсуфї Худованд њама чизро додаст: шўњрат, обрў, њусну малоњат, забони ширину лутфи љаззобе, ки мардумро мисли оњанрабо ба худ мекашад. Магар шавњари чунин гули сари сабад буданд осон аст? Рашки ҳамсафари ҳаётиатон намаки ишќро гоҳ-гоҳ аз андоза бештар намесозад?

-Албатта, дар зиндагонии хонаводагии мо њам мушкилињо ва шебу фарозњо вуљуд доштанд, зеро дар атрофи њар нафари як андак шинохта одамњои њарзаандеш њангома барпо мекунанд. Хушбахтона, њамсари ман марди покизаимон ва садоќатманду сарафроз њастанд ва њаргиз ба дили худ њисси маѓжушеро чун рашк роњ намедињанд.

-Ба андешаи Шумо барои зан дар зиндагї чи муњимтар аст: дорої, доної, зебої ё чизи дигар?

-Ба фикри ман барои зан дар зиндагї аз њама муќаддамтар бахти оилавист, яъне саодати фарзандон, иттифоќи зану шавњар, саломативу осоишу тавфиќи ањли хонавода.

-Ба наварўсоне, ки ба тозагї ќадам ба остонаи бахт мегузоранд, маслињати сењрноке дода метавонед, ки боиси устувории оилаашон гардад?

-Мушкилтарин ва осонтарин маслињате, ки ман медињам ин аст, ки наварўсон ба хонаи шавњари худ бо муњаббат ќадам нињанд, њамсару ањли хонаводаи ўро аз самими љон дўст доранду пайванди худ шуморанд. Хеле муњим аст, ки наварўсони оянда аз кулли њунарњои бонувона огоњ бошанд ва бо сиришти муљањњаз ба зиндагонии мустаќил пардозанд.

 

 

Addthis: 
Автор: 
Фирӯза Сатторӣ

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>