
Дар пайи муноқишаи гуруҳии сокинони сархӯши шаҳри Хоруғ 3 нафар аз зарби корд маҷруҳ шуда, як нафар ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора як манбаъ иттилоъ дода, афзудаст, ки дар пайи муноқиша Мозаров Ҳамроҳ, падари се фарзанд ба ҳалокат расид: “Муноқишагарон, ки аз ҳад зиёд сархӯш будаанд, аз ҷароҳаташон низ дер, баъди 2 соат огоҳ шудаанд. Мозаров, ки аз қисмати талха ҷароҳат бардоштааст, ба далели дер интиқол ёфтанаш ба беморхона ҷон додааст”.
Addthis: