Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Рақобати "Истиқлол"ва "Регар-тадАЗ"барои Ҷоми Тоҷикистон-2015

$
0
0

Бинобар иттилои Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи  Тоҷикистон, 28 ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии ниҳоии дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2015 баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 14.00 муқаррар шудааст.

Мусобиқаи дастаҳои лигаҳои олӣ ва аввали мамлакат аз соли 1991 шурӯъ шуда, маротибаи 24-умбо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон  доир карда мешавад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки бори чорум унвони чемпиониро дар мавсими имсола соҳиб шудааст, аллакай дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Тоҷикистон-2016 мавқеъ пайдо кардааст.

Агар дар вохӯрии ниҳоӣ пирӯзӣ насиби дастаи «Регар-ТадАЗ» шавад, он соли оянда дар мусобиқаи Ҷоми КФО ширкат хоҳад варзид.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>